Мунтахаби девон

Малик Пирӯзшоҳ, к-аз захми шамшер
Ҳисореро, ки дил барбаст, бикшод.
Зиҳӣ шерафкане, к-аз бими теғат
Чу рӯбоҳе шавад Гургини мелод.
Барои бандагӣ-т оварда дар хам
Салотин қомате чун сарви озод.
Ба даври давлатат мастон харобанд,
Дигар олам саросар ҳаст обод.
Агар гавҳар намонад баҳри бахшиш,
Барорӣ гавҳар аз шамшери фӯлод.
Агар хоки дарат чун заъфарон нест,
Чаро лабҳо кунад хандону дил шод?
Ҳасудатро чу гул бардошт гетӣ,
Валек аз рамҳи ту хоре-ш бинҳод.
Бимон дар хусравӣ, то бар забонҳо
Сухан аз ишқи Ширин асту Фарҳод!
Вилоят ҳар ғуломи камтаринро
Зи Маҳмуду зи Санҷар бештар бод!
БА МАДҲИ СУЛТОН-УШ-ШАҲИД
МУИЗЗИ ДУНЁ ВАДДИН САНҶАР
Гар дилу даст баҳру кон бошад,
Дилу дасти Худойгон бошад.
Шоҳ Санҷар, ки камтарин хадамаш
Дар ҷаҳон подшаҳнишон бошад.
Подшоҳи ҷаҳон, ки фармонаш
Бар ҷаҳон чун қазо равон бошад.
Он, ки бо доғи тоаташ зояд
Ҳар ки з-абнои ҷинсу ҷон бошад.
Рамҳ – найза.
Муиз(з) – иззаткунанда, азиздоранда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё