Мунтахаби девон

ДОДХОҲӢ АЗ СУЛТОН
РУКНИДДИН ПИРӮЗШОҲ
Ба фарёд омадам ин ҷо, ба фарёд,
Магар шоҳи ҷаҳон додам диҳад, дод!
Зи дасти он саги рӯбоҳдастон
Ки шайтонсират асту одамизод!
Чи гӯям, он чи дидам ман аз он ҷинс,
Ҷуз инҳо дидаи душман мабинод!
Маро, к-аз лутфи табъам дар маҳофил
Ба шогирдӣ чу ман нозояд устод.
Арӯси бикри маъниро замона
Зи ман шоистатар н-овард домод.
Шакар чинад зи алфози хати ман
Ҳар он нӯшинлабе, к-ояд зи Навшод.
Чу бар бистар фитодам, Муштарӣ гуфт:
Ки ё Раб, ин Аторудро чи афтод?
Чаро бояд, ки чӯби ҳар хасисам
Сару тан бишканад чун зулфи шамшод?!
Агар доде наёбам ин ситамро,
Равам з-ин хоки хуношом барбод!
Зи оби чашм амиралмуъмининро
Намоям Даҷлаи дигар ба Бағдод.
Аз ӯ ин зулмро инсоф хоҳам,
Агар ӯ ҳам нахоҳад доди ман дод,
Равам, дар пардаи Каъба занам чанг,
Кунам чун зеру бам зорию фарёд!
Вале донам, бад-ин ҳоҷат набошад,
Ки ҳам одил шаҳе дорему ҳам род.
Шавад ин меҳнату ранҷам фаромӯш,
Агар шоҳи ҷаҳон орад зи ман ёд.
Мадори адли рукни дину дунё
Ки мулк аз вай гирифт аҳкому бунёд,
Навшод – шаҳри ҳуснхези хубрӯён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё