Мунтахаби девон

Ҳар савор аз лашкари душман ду гардад
Н-аз мадад, аз ханҷари чун зулфиқорат.
Ҷавфи дӯзах пур кунад қаҳрат ба як дам,
Гар ҷудо афтад зи афви бурдборат.
Соя аз қаҳри ту гар огоҳ афтад,
Бигсалад ҳолӣ зи хасми хоксорат.
Ҷамъ гардад ҷузв-ҷузваш бори дигар,
Куштаеро, к-ояд андар зинҳорат.
Пушта чун ҳомун кунад, ҳомун чу пушта,
Пӯяи ҷавлони Рахши роҳворат.
Баски дар Симурғу Рустам базла гуфтӣ,
Гар бидидӣ дар масоф Исфандиёрат.
Хусраво, ин гуна шеър аз банда ёбӣ,
Ҳам ту донӣ, эй сухандонӣ шиорат,
Шохи дониш мисли ман тӯтӣ надорад,
Ман нагӯям, эй чу тӯтӣ сад ҳазорат!
Гарчи аз ин банда ёдат менаояд,
Бод сад девон сухан з-ӯ ёдгорат!
Мадҳи туст, аз ҳар чи гӯяд саҳлу мушкил,
Гар яке гӯяд в-агар гӯяд ҳазорат.
То давоми рӯзгор аз давр бошад,
Даври давлат бод доим рӯзгорат!
Гашта ҳар имрӯзат аз дӣ мулкат афзун,
Бод чун имрӯзу дӣ имсолу порат!
Асли мотам теғи ҳиндӣ дар яминат,
Асли шодӣ ҷоми заррин дар ясорат!
Эй қавибозу, ба ҳифзат давлату дин,
Ҳирзи бозу бод ҳифзи кирдгорат!
Ямину ясор – росту чап.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё