Мунтахаби девон

Афъии печон нашуд дар саффи ҳайҷо
Тездандонтар зи румҳи хасмхорат.
Аз дили хоро наомад ҳеҷ оташ
Фитнасӯзиро чу теғи обдорат.
Ганҷро лоғар кунад базми саминат,
Мулкро фарбеҳ кунад килки наҷорат.
Килкат аз дарё камоли хеш ёбад,
Донад ин маънӣ дили дарёиёрат.
Лозими дасти чу дарёи ту з-он шуд
Килк обистан ба дурри шоҳворат.
Тобиши хуршед натвонад гирифтан
Кишваре дар мулку ҷоҳи беканорат.
Човуши авҳом натвонад расидан
То куҷо то охири саф рӯзи борат!
Дар даруни парда афтад, аз бурун не,
Шеру Гови осмон рӯзи шикорат.
Шаҳриёро, бахт ёрат бод, не, не,
Он, ки ӯ ёре надорад, бод ёрат!
Рӯзи ҳайҷо, к-осмон сайёрагонро
Дар тутуқ ёбад зи гарди корзорат.
Рахна дар кӯҳ афканад чӣ – карру фаррат,
Ларза бар чарх афканад чӣ – гирудорат.
Бар фалак дӯзад ба таннозӣ дар он дам
Ҳукми бадро белаки гардунгузорат.
Дар адад афзун намояд, дар амал не
Гоҳи кӯшиш даҳ савору сад саворат.
Румҳ – зубин, найза.
Самин – фарбеҳ, маҷозан бошукӯҳ.
Шеру Гови осмон – бурҷҳои Асад ва Савр.
Тутуқ – парда, чодар.
Белак – тир ва пайкони ба шакли бел.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё