Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар куҷо ройи ту шуд розӣ ба коре,
Ҷунбиши гардун туфайли ихтиёрат.

Ҳар куҷо азми ту шуд ҷунбон ба фатҳе,
Бар сари раҳ нусрат андар интизорат.

Хандаи ханҷар зи фатҳи беқиёсат,
Нолаи дарё зи базми бешуморат.

Доғи тоат бар сурин то ваҳшу тайрат,
Меҳри байъат бар забон то мӯру морат.

Дар мақоми самъу тоат ҳарду яксон
Шери шодурвону шери марғзорат.

Ҳаққу ботилро кӣ пайдо карду пинҳон
Ҳазми пинҳону нафози ошкорат.

Диву фардоро ба ҳам пеши ту орад
Бар дари имрӯз амри комгорат.

Ҳар муроде, к-осмон дар ҷайб дорад,
Бозёбӣ, гар биҷӯӣ, дар канорат.

Нақши мақдурӣ наёрад баст гардун
Ҷуз ба истисвоби ройи ҳушёрат.

Бар дари кас анкабӯти ҷавр ҳаргиз
Кай танад, то адл бошад ёри ғорат.

Пардаи шаб даргаҳатро парда гаштӣ,
Гар иҷозат ёфтӣ аз пардадорат.

Бораи адҳам наёрад кард гетӣ
Собитарконтар зи ҳазми устуворат.

Сурин – сон, рон, аз зону болои пой; дунба.
Ваҳшу тайр – дарандагону парандагон.
Шодурвон – пардаи бузурги пеши боргоҳи шоҳони Эрон, ки бар вай нақши шер будааст.
Мақдурӣ – мувофиқи қудрат, имконпазир, тақдиркардашуда.
Истисвоб – савоб шумурдан, маъқул донистан.
Адҳам – аспи сиёҳранг.
Ҳазм – матонат; шикастдиҳӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ