Мунтахаби девон

Бо ман, ки замин ба оштӣ нест
З-ин аст, ки осмон ба ҷанг аст!
Ман рӯбаҳу пӯстин ба гозур
В-ин гурснашер тезчанг аст.
Гӯянд: зи сангу ҳанг дурӣ,
Донӣ, ки на ҷои сангу ҳанг аст.
То тира шудаст обам аз сар,
Ашкам ба хилофи он чу ранг аст.
Пинҳон гирям зи мардуми чашм,
Зеро ки ҷаҳони ному нанг аст.
Дар ҳанҷарам аз хурӯши мастур
Сад нағмаи зери нойу чанг аст.
Эй садри ҷаҳон, бипурс, к-аз чарх
Дар мӯзаи бахти ман чи санг аст.
Бо дасти шикаста пои ҷаҳдам
Дар ҷастани ногузир ланг аст.
Дарёб марову зуд дарёб,
К-ин дастшикаста нек танг аст.
Дар зини муроди боди рахшат
То рахши сипеҳр баста танг аст.
БА МАДҲИ МАЛИК ПИРӮЗШОҲ
Эй замони шаҳриёрӣ рӯзгорат,
То қиёмат шаҳриёрӣ бод корат!
Эй туро пирӯзиву шоҳӣ мусаллам,
Бод бар пирӯзиву шоҳӣ қарорат!
Эй ба ҷое, к-осмон миннат пазирад,
Гар диҳӣ ҷояш куҷо андар ҷаворат!
Гозур – шустагар, либосшӯй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё