Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ШИКОЯТИ ҲОЛ ВА МАДҲИ
САДРУЛДУНЁ ХОҶА НАСРУДДИН

Тири ситами фалак хаданг аст,
Шаҳди шараҳи ҷаҳон шаранг аст.

Гардун нахурад ғамат, ки шӯх аст,
Гетӣ нахарад дамат, ки шанг аст.

Бар киштии умр такя кам кун,
К-он Нил нишемани наҳанг аст.

Дар кӯи ҳунар мабош, к-он кӯй
Иқтои қадими шолҳанг аст.

Бо ҷаҳл бисоз, к-андар он боғ
Бо бед ҳамеша бодранг аст.

Мансаб маталаб, ки ҳар куҷо ҳаст
Ҳар хирворе, ҳамин ду танга-ст.

Бар гардани ихтиёри аҳрор
Акнун на ридост, полҳанг аст.

Дар панҷаи муши хонаи ман
З-ин аст, ки нохуни паланг аст.

То чеҳраи орзӯ набинам,
Бар оинаи умед занг аст.

Бӯе набарам ҳаме ба шодӣ,
Боз ин чи гилему ин чи ранг аст!

Зери қадамаш ҳамеша, гӯӣ,
К-аз зилзила хок бедиранг аст.

Шараҳ – ҳарисӣ, майлу ҳаваси зиёд.
Шаранг – талх; заҳр.
Шанг – зебо; шӯх.
Иқто – замин, деҳ, мулке, ки шоҳон ба вобастагон тақдим мекарданд.
Шолҳанг – фиреб, найранг.
Ихтиёр – ирода, хоҳиш.
Ридо – ҷома.
Полҳанг – ҷилав, ресмоне, ки ба лаҷоми асп мебанданд.

пешина
аз 328
навбатӣ