Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БА ҲАЗРАТИ МАХДУМ БОР ХОҲАД

Эй ба ҳиммат бар офтобат даст,
Осмон бо улувви қадри ту паст,

Беҳтар аз гавҳари ту дасти қазо
Ҳеҷ пироя бар замона набаст.

Ҳеҷ дил бо ту бад нашуд, ки фалак
Орзӯҳо-ш дар ҷигар нашкаст.

Ҳеҷ сар остони ту бинасуд,
Ки кулаҳгӯша бар сипеҳр нахаст.

Боз дар тоати ту кабкнавоз,
Дев дар давлати ту ҳирзпараст.

Он шиҳобест килки мисраи ту,
Ки аз ӯ ҳеҷ деви фитна наҷаст.

Абри адли ту нойижа бикшод,
Гарди ташвир аз ҷаҳон биншаст.

Ҳимматат домани карам бифишонд,
Оз ҳам дарзамон зи фоқа бираст.

Эй ба ҷое, ки аз улув бификанд
Бими дасти ту чархро аз даст,

Анварӣ рӯи ҳирси хидмати ту
Чун бар оташ бувад қадам пайваст,

Натавонад, ки заҳматат надиҳад
Гоҳу бегаҳ, чи ҳушёр, чи маст,

Ҳаст, инак, надими ҳалқаи дар,
Эй ҷаҳон дар дари ту бораш ҳаст?

Улув(в) – аъло, баланд.
Пироя – зебу оро.
Ҳирз – паноҳгоҳ, ҷои амн.
Нойижа – лӯлаи об.
Оз – ниёз, эҳтиёҷ; фоқа –ҳоҷатмандӣ, бенавоӣ.
Бор – қабул, пазироӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ