Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷон аст бода, дар тани ҷомаш раҳо макун,
Дар ҷони ман фирист, ки дархӯрди ин тан аст.

Баҳманҷана гузашту баҳор аст гулфишон
Бар хусраве, ки хоки дараш тоҷи Баҳман аст.

Чун гул бисоз барги чаман боз баҳри он-к
Булбул ба ёди маҷлиси олӣ навозан аст.

Одил Ғиёси дин, ки ба як тан гаҳи вағо
Аз баҳри қасди ҷони адӯ сад Таҳамтан аст.

Фармондеҳи замона – Муҳаммадшаҳе, ки мулк
Аз ройи ӯ чу рӯйи арӯсон музайян аст.

Мӯсисухан шаҳе, ки зи фармони ҷоҳи ӯ
Бар хони хосу ом кунун салвиву ман аст.

Афросиёби аҳд, ки ин олами фарох
Бар душманон-ш тангтар аз чоҳи Бежан аст.

Адлаш гувоҳи даъвии мулк асту ҳуҷҷаташ
Бо он гувоҳи адл ҷаҳонро мубарҳан аст.

Аз ҳаҷми шаҳ ба наргиси мискин нигар, аз он-к
Бо симу зар миёни биёбон-ш маскан аст

В-ар ҷой сохт дар дили бадхоҳ теғи ӯ,
Нашгифт аз он ки ҷои гуҳар сангу оҳан аст!

Эй карда муъминон ба ҷаноби ту илтиҷо,
К-он ҷониб аз ҳаводиси айём маъман аст.

Шаҳбози давлативу салотин кабӯтарат

В-аз тавқи тоатат ҳамаро зебигардан аст.

То туъмаи уқоби итобат бувад ба разм,
Парварда душмани ту чу мурғи мусамман аст.

Баҳманҷана – рӯзи дуюми моҳи баҳман, ки аҷдод ид мекарданд.
Баҳман – моҳи ёздаҳуми соли шамсӣ: 22 январ-20 феврал.
Вағо – набард.
Музайян – ороста.
Салвиву ман – асалу тарангубин.
Мубарҳан – ошкор, равшан, бодалел.
Маъман – ҷои амн, паноҳгоҳ.
Мусамман – фарбеҳ.

пешина
аз 328
навбатӣ