Мунтахаби девон

Буд, алҳақ, тои чанди дигар аз виҷдон валек
Чун мамоту чун қаноту чун равоту чун адот,
Гуфтам: охир, шойгон хуш беҳтар аз виҷдони бад,
Филмасал, чун ҳодисоте аз варои ҳодисот.
Ҳеҷ кас дар як қавофӣ бандаро ёрӣ надод,
Ҳар ки байте шеър донист – аз раъият в-аз раъот…
То кунад тақтеъи ин як вазни авзони сухан:
Фоилотун, фоилотун, фоилотун, фоилот.
Ишқи ту бодо ба Балху ҷашни ту бодо ба Марв,
Боргоҳат дар Нишобуру мақомат дар Ҳирот!
ДАР СИТОИШИ ҒИЁСУДДИН МУҲАММАДШОҲ
Соқӣ, биё, ки вақти майи лаъли равшан аст,
Майдони хоки тира кунун сабзгулшан аст.
Аз теғи офтоб ҳама ҷавшани ғадир
Шуд рахна, чун туро ҳаваси теғу ҷавшан аст.
Ҳар ҷузв дар хаёли ман аз кулли бӯстон
Гӯӣ, ки коргоҳи ҳарири мулавван аст.
Сурӣ гирифт боғ зи даври фалак, валек
Қумрӣ нигар, ки шеваи ӯ боз шеван аст!
Шохи дарахт уди мутарро шуд аз сабо
З-он бодае, ки тирагари бӯи чандан аст…
Хез, аз майи қадим маро сер кун ба ратл, 1011 Бигзар аз ин ҳадис, ки як серу як ман аст.
Рав, дӯстгонӣ ор аларрағми душманон,
К-он дӯстро, ки май нахӯрад, ақл душман аст!
То – адад.
Виҷдон – гумшударо ёфтану донистан.
Анот – диранг, таъхир.
Вароъ – пас, ақиб; ҷинс.
Раъот – наботот.
Ғадир – ғаддор, бевафо.
Мулавван – ранга, рангин, рангоранг.
Мутарро – ботароват, тару тоза.
Чандан – сандал, дарахте дар минтақаҳои гарм, ки чӯбаш хушбӯст ва хосияти давоӣ дорад.
Сер – панҷяки пуд, беш аз 3 кило.
Ман – 846 грам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё