Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гар ҳарамро чун ҳарими ҳурматат будӣ шукӯҳ,

Дар даруни Каъба ҳаргиз н-омадӣ УззовуЛот.

Ҳар киро дар дил ҳавои туст, эмин аз ҳавон,

Ҳар киро дар ҷон вафои туст, фориғ аз вафот.

Худ салоҳи аҳли олам нест андар шаръу расм 345 Эътисом илло ба ҳабли тоатат баъд аз салот.

З-он ки имрӯз ту улуламривуЯздон дар Нубӣ
Ҳамчунин гуфтаст: ҳақ ин асту дигар – турраҳот.

Хуни дил ёбад зи боси ту, чу гардун бишканад,
1011
Дар изоми душмани мулк ар ҳама бошад руфот.

Сад иноятномаи гардун чунон пур карда гир,

Чун зи девонат ба ҷон карданд хасмеро барот…

Соҳибо, садро, Худовандо, каримо, банда гар
Ёбад аз ҳирмони оли боргоҳи ту наҷот,

Баъд аз ин дар хидмат аз сар пой созад чун қалам,

З-он ки гаштаст аз фироқи ту сияҳдил чун давот…

Андар ин хидмат, ки дорад бандаро ташвирион 1314 Пеши фитёни Хуросон даст бар сар чун фатот.

Гарчи баъзе шойгон аст аз қавофӣ, бош, гӯ,
Афв кун, вақти адо, донӣ, надорам бас адот.

Уззову Лот – ду бути бузург, ки пеш аз ислом дар Каъба будаанд.
Ҳавон – хорӣ, беиззатӣ.
Эътисом – парҳез аз гуноҳ; паноҳ бурдан.
Ҳабл – таноб, банд, ресмон.
Салот – дуо, намоз.
Улуламр – айнан: худованди амру фармон. Маҷозан: подшоҳу амир ва ҳар касе, ки

соҳибҳукумат бошад (Ғиёс).
Нубӣ – Қуръон (Ғиёс).
Турраҳот – ҷамъи тураҳат: ботил, ҳарза, сафсатта.
Бос – бим; қудрат.
Изом – азм.
Руфот – чизҳое, масалан устухонҳои рехтаву пӯсида.
Ҳирмон – бенасибӣ, бебаҳрагӣ, ноумедӣ.
Фитён (фатён) – ҷавонмард.
Фатот – ҷавонзан.

Шойгон (қофияи шойгон) – қофияи носолим (аз қавли Ғиёс – қофияи маъюб), масалан

гирёну хандонро бо замону фиғон ё симину оҳанинро бо ҷабину камин қофия кардан.

Адот – ҳарф, сухан.

пешина
аз 328
навбатӣ