Мунтахаби девон

БА МАДҲИ АМИРУЛОДИЛ ЗИЁУДДИН
МАВДУД БИННИ АҲМАД-АЛ-АСАМӢ
Охир, эй хоки Хуросон, дод Яздонат наҷот
Аз балои ғайрати хоки раҳи Гурганҷу Кот.
Дар фироқи хидмати гурди ҳумоюнмавкибе
К-андар ӯ наъл аз ҳилол аст аспро, мех аз набот…
Лоҷарам бодат ривоҷе ёфт чун боди Масеҳ,
Лоҷарам обат миҷозе ёфт чун оби ҳаёт.
Он, ки гардунро бар ӯ тарҷеҳ натвонад ниҳод
Ақли кул дар ҳеҷ маънӣ, ҷуз ки дар тақдими зот.
Дода килки беқарораш кори оламро қарор,
Дода ройи босуботаш мулки дунёро субот.
Ҳар чи дар гетӣ бар ӯ номи ато афтад, кафаш
Ҷумларо гуфтаст: хаз, ҷому қаламро гуфт: ҳот!
Дар ғаное хоҳад афтод аз кафаш гетӣ, чунон-к
Бар масокин тарҳ бояд кард амволи закот.
Эй зи шарми ҷоҳи ту саргашта авҷ андар фалак
В-эй зи дасти рашки ту ноланда мавҷ андар Фурот.
Омадӣ андар ҳунар ақсониҳоётулкамол,
Чун муҳити осмон аълониҳоятулҷиҳот…
Баъди он волӣ, ки бунёди вуҷуд аз ҷуди ӯст,
Бар халоиқ чун ту волӣ кас набудаст аз вулот.
Дасти инсофи ту дар бидъатсарои рӯзгор
Дасти Маҳмуд аст бар бутхонаҳои Сӯманот.
Гурганҷ – дорулмулки (шаҳри шоҳнишини) вилояти Хоразм.
Кот – шаҳре аз Хуросон, наздики Хоразм.
Ҳумоюнмавкиб – савори хушбахт.
Набот – гиёҳ.
Хаз – ҷомаи абрешим.
Ҳот – бибахш, биёр.
Вулот – ҷамъи «волӣ».
Сӯманот – бутхонае дар Ҳинд, ки султон Маҳмуди Ғазнавӣ хароб кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё