Мунтахаби девон

Назанӣ лофи хидмати ашроф,
Накашӣ бори миннати асҳоб.
Ҳам ғиреви ту чун ғиреви ғариб,
Ҳам хурӯши ту чун хурӯши ғуроб.
Чун фалак беқарорӣ аз ғаму ранҷ,
Чун малак бенасибӣ аз хуру хоб.
Меъдаи халқу нозу неъмати ту
Туъмаи саъваву гулӯи уқоб.
Гарчи дар фазлу ҷуд бинмояд
Сояи соҳиб офтобу саҳоб,
Гарчи иқболи ӯ, ки доим бод,
Аз рухи мулк баргирифт ниқоб,
Гарчи бар чанги ҳимматаш гетӣ
Ҳаст бевазнтар зи парри зубоб,
Ташнагони ҳудуди оламро
Аз яке ҷом чун кунад сероб?
Дар Самарқанду дар Бухоро ҳаст
Қадаре молу андаке асбоб,
Дахли он дар миёни харҷи фарох
Деви озармро бувад чу шаҳоб.
Маҳрами ман туӣ, маро ҳам ту
Ба сарое расон зи баҳри савоб.
Бишнав ин аз раҳи ҳақиқату сидқ,
Машнав ин аз раҳи ҳадису итоб.
Як маҳ аз ҳиҷри хидмати соҳиб
Макаш аз рӯи изтироб ниқоб.
Ғуроб – зоғ.
Зубоб – магас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё