Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соҳибо, гарчи аз парастиши ту

Ҳурмати шайб ёфтам ба шабоб,

Аз ҳадису қадим ҳаст маро
Остони мубораки ту маоб,

Борҳо ақл мар-маро мегуфт,

Ки аз ин боргоҳ рӯй матоб,

Моя гирад савоби ӯ зи хато,

Гар дирангат шавад бадал ба шитоб,

Зудҷунбиш мабош хамчу инон,

Дерором бош ҳамчу рикоб.

Дӯш бо ёри хеш мегуфтам

Сухане дӯствор аз ҳар боб.

То расидам бад-ин, ки ақли шариф

Менамояд маро тариқи савоб,

Кард дар зери лаб табассуму гуфт:
Эй туро ном дар анову азоб,

На саломи туро зи бахт алайк,

На саволи туро зи даҳр ҷавоб,

Тира гоҳи сулут аз аъдо,

Хиҷилӣ вақти даъвӣ аз аҳбоб.

То ту ҳар ғофилеву бехабаре
Тан задастӣ дар ин вусоқи хароб.

Рӯзу шаб маҳрами ту килку давот,
Солу маҳ мӯниси ту раҳлу китоб.

На туро роҳати бақову ҳаёт,

На туро лаззати таому шароб.

Рамазон омаду ҳамесозад
Кадхудоии сир улулалбоб.

Шайб – мӯсафедӣ, пирӣ.
Маоб – камбуд, норасоӣ.
Ано – ранҷ, машаққат.
Тира (тайра) – хиҷолат.
Сулут – хурсандӣ.
Вусоқ – хона.
Давот – рангдон.
Раҳл – тахтае, ки китобро ҳангоми хондан рӯи он бимонанд.
Улулалбоб – соҳибони хирад.

пешина
аз 328
навбатӣ