Мунтахаби девон

Шуд нестӣ чу сурати анқо ниҳон аз он-к
Ҷуди ту кард қоидаи нестӣ хароб.
Гар як бухори баҳри кафат бар ҳаво равад,
То растхез жолаи заррин диҳад саҳоб.
Бӯсанд ахтарони фалак мар-туро инон,
Гиранд сарварони ҷаҳон мар-туро рикоб.
Афлокро замонаи иқболи ту надим,
Ашрофро ситонаи волои ту маоб.
Андар ҳарими ҳурмати ту дида чашми халқ:
Эмин гирифта фавҷи ғанам мартаъи зуноб.
То бар басити маркази хокӣ, зи рӯи табъ
Зардии заъфарон нашавад сабзӣ аз судоб.
Бодо ҷаҳони ҳазрати ту марҷаи ҳаёт,
Бигрифта ҳодиса зи ҷаноби ту иҷтиноб!
Эй сахоро мусаббаб-ул-асбоб
В-эй карамро муфаттеҳ-ул-абвоб.
Остони ту чархро маъбад,
Боргоҳи ту халқро меҳроб.
Каффи ту боби кони пургавҳар,
Дурри ту бори баҳри бепоёб.
Унфи ту дар лаби азал ханда,
Лутфи ту дар шаби амал маҳтоб.
Инон – лаҷом.
Ситона – остона.
Маоб – паноҳгоҳ.
Ғанам – гӯсфанд.
Мартаъ – чарогоҳ.
Зуноб – даранда, аз ҷумла, гург.
Басит – фарох, паҳновар.
Судоб – гиёҳи пӯдинамонанде, ки гулҳои зард дорад.
Марҷаъ – ҷои руҷӯъ, паноҳгоҳ.
Иҷтиноб – парҳез, канорагирӣ.
Мусаббаб-ул-асбоб – сабаби сабабҳо.
Муфаттеҳ-ул-абвоб – кушояндаи дарҳо.
Боб – дар, дарвоза.
Бепоёб – бепоён, бетаҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё