Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гар ҳеҷ гуна аз дилам огаҳ шавӣ, яқин,
Дорӣ маро мусиб дар ин навҳаи мусоб.

Будам дар ин ҳадис, ки ногоҳ дар бизад
Дилдори моҳрӯи ман, он рашки офтоб.

Дар ғамзаҳои наргиси ӯ бешумор сеҳр,
Дар шохаҳои сунбули ӯ беқиёс тоб.

Чун волиҳон зи ҷой биҷастам, давидамаш,
Бигрифтамаш канору барандохтам ниқоб.

Овардамаш, ба ҷой нишонду нишаст пеш,
Бар даст бӯса додаму бар рӯй зад гулоб.

Хира чунон шудам, ки чунин меҳмон маро
Ҳаргиз ба умри хеш наояд шабе ба хоб…

Мехостам зи дилбари худ узр дар хало
В-аз оби дида гашта замин назди ӯ халоб.

Алқисса, баъд аз он ки бипурсид мар-маро,
Гуфто: «Чи ҳоҷат аст, бигӯям, бувад савоб».

Гуфтам: «Бигӯй». Гуфт: «Ман аз гуфтаҳои худ
Овардаам чу зодаи табъи ту сеҳри ноб.

То бе маломат инро фардо кунӣ адо,
Андар ҳарими маҷлиси дастури комёб.

Охир ниҳод пеши ман он коғази мадеҳ,
Бинвишта хатти чанд беҳ аз луълуи музоб,

К-«Эй карда бахт ройи туро ҳодиюррашод
В-эй гуфта чарх ҷуди туро моликурриқоб,

Аз адли комили ту бувад мулкро насиб
В-аз бахти шомили ту бувад тахтро нисоб.

Мусиб – дурусткор, касе, ки қавлу кораш савоб аст.
Мусоб – подош, мукофот.
Волиҳ – мафтун, ҳайрон, шайдо.
Хало – дар ин ҷо ба маънии хилват.
Халоб – шибар; ботлоқ.
Коғази мадеҳ – қасида.
Музоб – гудохта, обкарда.
Ҳодиюррашид – ҳидояткунандаи роҳи рост.
Моликуррикоб – хоҷа, соҳиби ғуломон.
Нисоб – дараҷа.

пешина
аз 328
навбатӣ