Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз рӯйу ройи ту ба шабу рӯз дар сипеҳр
Дида зиёву ёфта фар Моҳу Офтоб.

Аз торами сипеҳр ба чашми муносеҳат
Дар давлати ту карда назар Моҳу Офтоб!

БА МАДҲИ МАҶДУДДИН АБУЛМАЪОЛӢ
БИННИ АҲМАДИ ВАЗИР

Чун вақти субҳ чашми ҷаҳон сер шуд зи хоб,
Бигсаста шуд зи хаймаи мушкини шаб таноб,

Бинмуд рӯй сурати субҳ аз канори шаб
Чун ҷӯи сим бар тарафи нилгун сароб,

Ҷастам зи ҷои хобу нишастам бар хона-дар,
Як сина пур зи оташу ду дида пур зи об.

Бошад, ки бинам аз рухи насрини ӯ нишон,
Бошад, ки ёбам аз лаби нӯшини ӯ ҷавоб.

Коғаз ба даст кардаму бардоштам қалам
В-олуда карда нӯки қаламро ба мушки ноб.

Аввал дуо бикардам бар ҳасби ҳоли хеш,
Гуфтам ҳазор фаслу намондам бар ҳеҷ боб.

Гаҳ узру гаҳ маломату гаҳ нозу гаҳ ниёз,
Гаҳ сулҳу гаҳ шафоату гаҳ ҷангу гаҳ итоб,

К-«Эй нӯши ҷонфизои ту чун неъмати ҳаёт
В-эй васли дилрабои ту чун давлати шабоб,

Дар хонаи фироқ танамро макун асир,
Бар оташи шикеб диламро макун кабоб.

Бод аст бар лаби ману об аст дар ду чашм,
Аз бод бонафираму аз об дар азоб.

Ҳар субҳдам, ки мавҷ занад хуни дил маро,
Сина ҳазор шуъла барорад зи таффу тоб…

Муносеҳ – носеҳ, насиҳаткунанда.
Шикеб – сабр, қарор.
Бонафир – нафраткунанда; раманда; пурфиғон.

пешина
аз 328
навбатӣ