Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар дари бутхонаи ҳуснат кунун
Дасти сабрам зери санги ботилест.

Шодии васлат бари дил кай расад,
То туро, шукрона, бар ҳар ғам дилест.

Ҳосилам дар ишқи ту беҳосилист,
Ҳеҷ натвон гуфт некӯ ҳосилест.

Аз таҳайюр ҳар замон дар роҳи ту
Рӯи уммедам ба дигар манзилест.

Киштие бар хушк мерон, Анварӣ,
К-охир ин дарёи ғамро соҳилест!


Дар ҳама мамлакат маро ҷонест,
Ҳар замон пойбанди ҷононест.

Дар канорам ба ҷои дамсозе
То саҳаргаҳ зи дида тӯфонест.

Дар куҷо мехӯрад маро ғами ишқ,
Дар ҳама хонаам яке то нест.

Як дам аз дарди ишқ н-осояд,
Додам инсоф – ранҷкаш ҷонест.

Гуфтам ӯро, ки сабр кун, ки ба сабр
Ҳар ғамеро, ки ҳаст, поёнест.

Ин ҳама ҳаст, кошкӣ боре
Кори ӯро сареву сомонест!


Макун, эй дил, ки ишқ кори ту нест,
Бори худро бибар, ки бори ту нест.

Мурдӣ аз ишқу дар ғами дигарӣ,
Гарчи ин ҳам ба ихтиёри ту нест.

Дида рози ту фош кард, аз он-к
Дида дар ишқ роздори ту нест.

Навбаҳор омаду ҷаҳон бишкуфт,
З-он туро чӣ, чу навбаҳори ту нест!

То – шумора; яке то нест , яъне, чизе нест.

пешина
аз 328
навбатӣ