Мунтахаби девон

Бе меҳри ҷамоли ту диле нест,
Бе меҳри ҳавои ту гиле нест.
Бигзашт замона в-аз ту касро
Ҷуз умри гузашта ҳосиле нест.
То аз чи гилӣ, ки аз ту холӣ
Дар олами обу гил диле нест.
Дар доираи ҷаҳони муҳдас
Чун ҳодисаи ту мушкиле нест.
Дар ту кӣ расад, ки дар раҳи ту
Ҷуз манзили аҷз манзиле нест.
Дар баҳри таҳайюри ту пойоб
Кай суд кунад, ки соҳиле нест!
Ёр бо ман чун сари ёрӣ надошт,
Заррае дар дил вафодорӣ надошт.
Ошиқон бисёр дидам дар ҷаҳон,
Ҳеҷ кас касро бад-ин хорӣ надошт.
Ҷон ба тарки дил бигуфт аз бими хаҷр –
Тоқати чандин ҷигархорӣ надошт.
То падид омад шароби ишқи ту,
Ҳеҷ ошиқ барги ҳушёрӣ надошт.
Дил зи бесабрӣ ҳамезад лофи ишқ,
Гуфт:дорам сабр, пиндорӣ, надошт.
Бори васлаш дар ҷаҳон накшод кас,
К-андар ӯ дар ҳаҷр сарборӣ надошт.
Дарди чашми ман фузун шуд баҳри он-к
Тӯтиё аз сабр, пиндорӣ, надошт!
Пойоб – пастоб; тобу тоқат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё