Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз кай гирам андар оғӯшат?
Кай биёрам ба даст чун дӯшат?

Ҳаргиз оё ба хоб хоҳам дид
Як шабе дигар андар оғӯшат?

То бидидам ба зери ҳалқаи зулф
Ҳалқаи гӯш бар баногӯшат,

Гашт якборагӣ дили решам
Ҳалқаи гӯши халқадаргӯшат!


Рояти ҳусни ту аз маҳ баргузашт, Бо ман ин ҷаври ту аз ҳад даргузашт.

Оташи ҳаҷри туам хуш-хуш бисӯхт,
Оби андӯҳи туам аз сар гузашт.

Нагзарад бар ҳеҷ кас аз ошиқон,
Ончи дӯш аз ишқ бар чокар гузашт.

Гиряи ман шӯр дар олам фиканд,
Нолаи ман аз фалак бартар гузашт.

Дӯш боз омад хаёлат пеши ман,
Ҳоли ман чун дид, аз ман даргузашт.

Дидаам дар пойи ӯ гавҳар фишонд,
То, чу мебигзашт, бар гавҳар гузашт.

Даргузашт ашки ман аз ёқути сурх,
Гарчи дар зардӣ рухам аз зар гузашт.

Пояи ҳуснат ба ҳар шаҳре расид,
Лашкари ишқат ба ҳар кишвар гузашт!


Ёр моро ба ҳеҷ барнагирифт,
В-он чи гуфтем, ҳеҷ дарнагирифт.

Пардаи мо дарида гашту ҳанӯз
Парда аз рӯи кор барнагирифт.

Роят – парчам, ливо.

пешина
аз 328
навбатӣ