Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарнаёмад зи роҳи дида ба дил,
То дил аз роҳи сина барнагирифт.

Хидмати мо ба ҷуз ҳабо нашумурд,
Суҳбати мо ба ҷуз ҳадар нагирифт.

Ҷуз вафо сирате дигар нагузошт,
Ҷуз ҷафо одате дигар нагирифт.

Ҳеҷ рӯзе маро ба сар н-омад,
Ки дилам ишқи ӯ зи сар нагирифт!


Сахт хушӣ, чашми бадат дур бод!
Солу маҳу рӯзу шабат сур бод!

Бандаи зулфайни ту шуд ғолия,
Хоки кафи пойи ту кофур бод!

Ходиму фарроши ту ризвон сазад,
Чокару дарбони дарат ҳур бод!

Ошиқи меҳнатзада чун ҳаст шод,
Ҳосиди хуррамшуда маҳҷур бод!

Васли ту бодо ҳама наздики мо,
Ҳаҷри ту ҷовид зи мо дур бод!


Азбаски кашидам аз ту бедод,
Аз дасти ту омадам ба фарёд.

Фарёд аз он кунам, ки омад
Бар ман зи ту, эй нигор, бедод.

Дод аз дили пуртамаъ чи дорам,
Бар хира чаро кунам сар аз дод?

Мардӣ чи талаб кунам зи оташ,
Нармӣ чи талаб кунам зи пӯлод?

Шодӣ зи дили ман аст ғамгин,
Дар ишқи ту, эй бути паризод!

Ҳаргиз дили ман мабод беғам,
Гар ту ба ғами дили манӣ шод!

пешина
аз 328
навбатӣ