Мунтахаби девон

Ман ҷону ҷаҳон ба бод додам,
Эй ҷону ҷаҳон, туро бақо бод!
Маро бо дилбаре коре биафтод,
Диламро рӯзи бозоре биафтод.
Мусулмонон, маро маъзур доред,
Диламро ногаҳон коре биафтод.
Қабои ишқи Маҷнун мебуриданд,
Диламро з-он кулаҳворе биафтод.
Дилам саҷҷодаи ишқаш барафшонд,
Аз он саҷҷода зунноре биафтод.
Диламро ишқ даст андар камар кард,
Басе кӯшиду якборе биафтод.
Маро афтод бо болои ӯ кор,
На бар болои ман коре биафтод.
Ҷаҳонро чун дили ман бар замин зад,
Кунун аз дасти дилдоре биафтод!
Ҳар кас, ки зи ҳоли ман хабар ёбад,
Бадаҳдии ту ба ҷумла дарёбад.
Бар ман ғами ту камин ҳамесозад,
Ҷонам шуда гир, агар зафар ёбад.
Ишқат ба баҳонае дилам бистад,
Тарсам, ки баҳонаи дигар ёбад.
Хоҳам, ки даме бароварам бо ту
Бе он, ки замона з-он хабар ёбад.
Дӣ банда ба дил харид васли ту,
Имрӯз ба ҷон харад, агар ёбад!
З-он метарсам, ки ҳар матоъеро
Чун нарх гарон шавад, батар ёбад!
Зуннор – занҷира ё риштаи салиб; риштае, ки ғайримусулмонони мамлакатҳои исломӣ бояд ба миён бубанданд.
Бистад – бистонад, бибарад, бигирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё