Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷон зи розат хабар намеёбад,
Ақл хӯи ту дарнамеёбад.

Чун ту бозоргони Туркистон
Менаорад, магар, намеёбад?

Васл чун дорам аз ту чашм, ки чашм
Бар хаёлат зафар намеёбад?

Гашт қонеъ ба посухи ту дилам
В-аз лабат ин қадар намеёбад!

Ғами ишқи ту бо дилам хӯ кард,
Гӯӣ, аз ман гузар намеёбад.

Оре, ин ҷавру зулм бо кӣ кунад,
Чун зи ман сухратар намеёбад!


Дар даври ту кам касе амон ёбад,
Дар ишқи ту кам диле зиён ёбад.

Худ низ нишон наметавон додан
З-он кас, ки зи ту ҳаме нишон ёбад.

Васли ту агар ба ҷон биёбад дил,
Инсоф бидеҳ, ки ройгон ёбад!

Танҳо ту ҳама ҷаҳонию он кас,
К-ӯ ёфт туро, ҳама ҷаҳон ёбад!

Дар оина гар ҷамол бинмоӣ,
Аз нури рухат хаёл ҷон ёбад.

В-ар сояи ту бар офтоб афтад,
Маншури ҷамоли ҷовидон ёбад.

Аз рӯз аёнтарию ҷӯянда
Аз рози дилат ҳаме ниҳон ёбад.

Рӯи ту, ки дил наёрадаш дидан,
Дида кӣ бувад, ки рӯи он ёбад!

Сухра – боиси масхара, истеҳзо.
Маншур – иҷозатнома.

пешина
аз 328
навбатӣ