Мунтахаби девон

Нашгифт, ки дар замин туӣ чун ту,
Моҳӣ тую маҳ бар осмон ёбад.
З-ин қарн қарини ту кай ояд кас,
То чун ту яке ба сад қирон ёбад!
Ҳуснат андар ҷаҳон намегунҷад,
Номат андар даҳон намегунҷад.
Рози ишқат ниҳон нахоҳад монд,
З-он ки дар ақлу ҷон намегунҷад.
Бо ғами ту чунон ягона шудам,
Ки дил андар миён намегунҷад.
Тамаъи васли ту надорам аз он-к
Ваъдаат дар забон намегунҷад.
Охир ин рӯзгор чандон монд,
Ки дурӯғе дар он намегунҷад.
Рӯй пинҳон макун, ки рози дилам
Беш аз ин дар ниҳон намегунҷад.
Гӯӣ: «Аз некуӣ рухи чу маҳам
Дар хами осмон намегунҷад!»
Чи аҷаб, шеъри Анвариро низ
Маънӣ андар баён намегунҷад!
Ёр гирди вафо намегардад,
Ҳоҷате з-ӯ раво намегардад.
Мо ба гирди дараш ҳамегардем,
Гарчи ӯ гирди мо намегардад.
Як замон суҳбати ҷудоии ёр
Аз бари мо ҷудо намегардад.
Ҳеҷ шаб нест, то зи хуни ҷигар
Бар сарам осиё намегардад!
Мубталоям ба ишқ, кист, ки ӯ
Ба ғамаш мубтало намегардад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё