Мунтахаби девон

Ишқи ту бар ҳар ки офият ба сар орад,
Ҳарду ҷаҳонаш ба зери пой дарорад.
Ақл, ки дар кӯи рӯзгор наояд,
Бар сари кӯи ту умрҳо ба сар орад.
Сабр, ки сокинтарини олами ишқ аст,
Зулфи ту ҳар соаташ ба рақс дарорад.
Бо ту ба бешии сабр дарнатавон баст,
З-он ки ба якрӯза ғам шикам забар орад.
Бӯи ту бод ар шабе барад ба тавофе,
Ҷумлаи ушшоқро зи хок барорад.
Гуфтам: ё Раб, чи айшҳо бикунам ман,
Гар зи висоли туам касе хабар орад!
Ҳаҷри туро з-ин ҳадис ханда барафтод,
Гуфт, ки «Оре, чунин бувад, агар орад!»
Ёр дил дар миён намеорад
В-аз дили ман нишон намеорад.
Соя бар кори ман намефиканад,
То ки корам ба ҷон намеорад
В-аз бузургӣ агарчи дар кор аст,
Хештанро бад-он намеорад.
Кай ба паймони ман дарорад сар,
Чунки сар дар ҷаҳон намеорад!
Рӯзи умрам гузашту ваъдаи васл,
Шаби ҳаҷраш карон намеорад.
Умр сармояест номаълум,
Тоби чандин зиён намеорад.
Ба сари ӯ, ки ишқи ӯ ба сарам
Як бало ройгон намеорад!
Ба дурӯғе бар Анварӣ ҳама умр
Гар сар орад, тавон намеорад!
Тавоф – зиёрат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё