Мунтахаби девон

Ишқ ҳар меҳнате ба рӯй орад,
Макун, эй дил, гарат намехорад.
Домани офият зи даст мадеҳ,
То ба дасти бало-т наспорад.
Гӯӣ, андар канори васл шавам,
Ту шавӣ, гар фироқ бигзорад!
Васл ҳам н-озмудаӣ, ки ба лутф
Хун бирезад, ки мӯй н-озорад.
Мард, бинӣ, ки рӯзи васл чу шамъ
Дар ту механдад, ашк меборад!
Гир, к-имрӯз васл доғат кард,
Ҳаҷр доғи фироқ боз орад.
Баргирифтан шумори ишқ он беҳ,
Ки туро аз шумор нашморад!
Зулфи ту такя бар Қамар дорад,
Лаби ту лаззати шакар дорад.
Ишқи ин ҳарду, эй нигор, маро
Бо лаби хушку чашми тар дорад.
Пурс аз ҳоли ман зи зулф хабар,
З-он ки аз ҳолам ӯ хабар дорад.
Он ки рӯи ту дид, боз аз ишқ
На ҳамоно, ки хобу хур дорад.
Хоки пои туро зи рӯи шараф
Анварӣ ҳамчу тоҷи сар дорад.
То моҳрӯям аз ман рух дар ҳиҷеб дорад,
На дида хоб бинад, на дил шикеб дорад.
Ҳам дасти комронӣ дил аз инон гусаста,
Ҳам пои зиндагонӣ ҷон дар рикеб дорад.
Пиндори дард гаштам, гӯӣ, ки дар ду олам
Ҳар ҷо, ки ҳаст дарде, бо ман ҳисеб дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё