Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бифрефт он шакарлаб моро ба ишва, оре,
Бас ишваҳои ширин, к-он дилфиреб дорад!


Маро то кай фалак ранҷур дорад?
Зи рӯи дилбарам маҳҷур дорад?

Ба як бода, ки бо маъшуқ хӯрдам,
Ҳама умрам дар он махмур дорад.

Надонам, то фалакро з-ин ғараз чист,
Ки бе ҷурме маро ранҷур дорад.

Ду дасти худ ба хуни дил кушодаст,
Магар бар хуни ман маншур дорад?


Бо қадди ту қадди сарв хам дорад,
Чун қадди ту боғ сарв кам дорад.

Васлат зи ҳама вуҷуд беҳ, лекин
То ҳаҷри ту рӯй дар адам дорад!

Шодам ба тую яқин ҳамедонам,
К-ин як шодӣ ҳазор ғам дорад.

Дар кори ту нест ақл бар коре,
Кор он дорад, ки як дирам дорад.

Доим чу қалам ба торакам пӯён
З-он қомату қад, ки чун қалам дорад.

Дар роҳи ту Анварӣ, ту худ донӣ,
Умрест, ки то зи сар қадам дорад.

Гар сарзаниши ҳама ҷаҳон хоҳӣ,
Он низ ба давлати ту ҳам дорад.


Ҷон нақши рухи ту бар нигин дорад,
Дил доғи ғами ту бар сурин дорад.

То домани дил ба дасти ишқи туст,
Сад гуна ҳунар дар остин дорад.

Чашми ту дилам бибурду мебинам,
К-акнун пайи ҷону қасди дин дорад

пешина
аз 328
навбатӣ