Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-афканда камони ғамза дар бозӯ,
То боз чи фитна дар камин дорад.

Гуфтӣ, ки сухан магӯю дам даркаш,
Инсоф бидеҳ, кӣ барги ин дорад?..

Дар хушку тар Анварӣ ба сад хиҷлат
Дар фурқати ту диле ҳазин дорад.


Ёр бо ҳар касе саре дорад,
Сар ба пайванди ман фурӯ н-орад.

Инчунин шарти дӯстӣ бошад,
Ки бихонад ба лутфу бигзорад.

Дилу ҷонам ба лоба бистонад,
Пас ба дасти фироқ биспорад.

Нози бисёр мекунад, лекин
Ростӣ хоҳ, ки ҷои он дорад.

Ҷон ҳамехоҳаду киро накунад,
Ки ба ҷоне зи ман биёзорад!


Дилбар ҳанӯз моро аз худ намешуморад,
Бо ӯ чи кард шояд, бо ӯ кӣ гуфт, ёрад?

Ҷонам фидои зулфаш, то хуни ӯ бирезад,
Умрам ҳалоки чашмаш, то гард аз ӯ барорад.

Ҷонро чи қимат орад, гар дар ғамаш насӯзад,
Дилро маҳал чи бошад, гар дарди ӯ надорад?

Гетӣ басе намонад, гар чеҳра бозгирад,
Зинда касе намонад, гар ғамза баргуморад.

Овозаи ҷамолаш дилҳо ҳаменавозад,
Лекин бари висолаш касро намегузорад!


То кори маро васли ту темор надорад,
Ҷуз бо ғами ҳаҷри ту дилам кор надорад.

Беравнақии кори ман андар ғами ишқат
Корест, ки ҷуз ҳаҷри ту-бар бор надорад.

пешина
аз 328
навбатӣ