Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рӯи баргаштанам аз рӯи ту нест,
Ки ҷаҳонам ба яке мӯи ту нест.

З-он зи рӯи ту нагардонам рӯй,
Ки ба ҷуз рӯи ту чун рӯи ту нест.

Ҳеҷ шаб нест, ки андар талабат
Бистарам хоки сари ту кӯи нест.

Ҳеҷ дам нест, ки бар ҷону дилам
Доғе аз таънаи бадгӯи ту нест.

Нест бо ин ҳама озарм аз ӯ,
З-он ки бе таъбияи бӯи ту нест.


Ҷоно, дилам аз холи сиёҳи ту ба ҳолест,
К-имрӯз бар онам, ки на дил, нуқтаи холест.

Дар орзуи хоби шаб аз баҳри хаёлат
Хаққо, ки танам рост чу дар хобу хаёлест.

Бе рӯзи рухи хуби ту, донам, хабарат нест,
К-андар ғами ҳиҷрони ту рӯзе-м чу солест.

Ҳар дам ба ғаме тоза дилам хӯй фаро кард,
То ҳар нафасе рӯи туро тоза ҷамолест

В-имрӯз ғами ман чу ҷамолат бакамол аст,
Ё раб, чи кунам, гар пас аз ин низ камолест!

Он кист, ки ӯро чу кафи пои ту рӯест
В-он кист, ки ӯро ба каф аз дасти ту молест?

Пайғом диҳӣ ҳар нафасам, к-Анварӣ аз мост,
Ман бандаи ин михрақа, ҳарчанд муҳолест!


Ишқи ту бе рӯи ту дарди дилест,
Мушкили ишқи ту мушкил мушкилест.

Бе ту дар ҳар хона дасте бар сарест
В-аз ту дар ҳар кӯй пое дар гилест.

Озарм – ба маънии озор, ранҷиш, гила.
Таъбия – ҷойшавӣ.
Михрақа – дурӯғ, гапи беҳуда.

пешина
аз 328
навбатӣ