Мунтахаби девон

Моҳ чун чеҳраи зебои ту нест,
Мушк чун зулфи гулорои ту нест.
Кас надидаст рухи хуби туро,
Ки чу ман бандаву мавлои ту нест.
Кардам аз дидаву дил ҷой туро,
Гарчи дар дидаву дил ҷои ту нест.
Чи диҳӣ ваъдаи фардо, ки маро
Дили ин ваъдаи фардои ту нест.
Синаи кас нашиносам ба ҷаҳон,
Ки дар он сина тақозои ту нест!
Аз ту буридан, санамо, рӯй нест,
З-он ки чу рӯят ба ҷаҳон рӯй нест!
То ту зи кӯи ту бурун рафтаӣ,
Кӯи ту гӯӣ, ки ҳамон кӯй нест!
Гарчи ғамат кард чу мӯе маро,
Фориғам аз ишқи ту як мӯй нест.
Рӯи туро моҳ нагӯям аз он-к
Моҳ чу он орази дилҷӯй нест.
Зулфи туро мушк нахонам аз он-к
Мушк бад-он рангу бад-он бӯй нест.
Чун лаби ту бодаи хушранг на,
Чун рухи ту лолаи худрӯй нест.
Зулфи ту чавгону дилам гӯйи ӯст,
Кист, ки чавгони туро гӯй нест?
Таънаи бадгӯй набошад зиён-ш
Ҳар ки варо дилбари бадхӯй нест.
Анварӣ, аз хӯи бади туст хор,
Аз сухани душмани бадгӯй нест!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё