Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарди дили мо зи ҳаҷри худ пурс,
Ҳиҷрони ту аз миёни хона-ст.

Дорам сухане ҳам аз ту бо ту,
Мақсуд туӣ, сухан баҳона-ст.

Беҳ з-ин ғами кори дӯстон хӯр
В-ин панд шунав, ки дӯстона-ст!


Бозмондам дар ғаму темори ӯ,тадбир чист?
Бозгаштам оҷиз андар кори ӯ, тадбир чист?

Боз хуни ақлу ҷонам рехт андар ишқи ӯ
Дидаи шӯхи каши хунхори ӯ, тадбир чист?

Боз бори дигарам дар зери бори ғам кашид
Орзӯи лаъли шаккарбори ӯ, тадбир чист?

Пеш аз ин умре ба боди ишқи ӯ бар додаам,
Боз гаштам ошиқи дидори ӯ, тадбир чист?..

Дар миёни меҳнати бисёр гаштам нопадид
Аз ғаму андешаи бисёри ӯ, тадбир чист?

Шеваи аҳдаш дигар бо Анварӣ бихранд, боз
Хештан бифрӯхт дар бозори ӯ, тадбир чист?!


Дил бе ту ба сад ҳазор зорист,
Ҷон дар кафи сад ҳазор хорист.

Дар ишқи ту з-ашки дида дилро
Алҳақ, зи ҳазор гуна зорист.

Дар роҳи ту хортар зи хокам,
Эй бахти бад, ин чи хоксорист?

Кардем ба коми душман, эй дӯст,
Донам, ки на ин зи дӯстдорист.

Ҳиҷрони сияҳгари туам кушт,
Ин низ ҳам аз сапедкорист.

Кашӣ – шӯх, бебок, хушҳол.

пешина
аз 328
навбатӣ