Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шабе қасди лабат кардам, аз он шаб
Сипоҳи кини чашмат дар сипоҳ аст.

Ба тири ғамза мижгон-т Анвариро
Бикуштанду бар ин шаҳре гувоҳ аст.

Лабатро гӯ, ки тадбири дият кун,
Сари зулфат мабур, к-ӯ бегуноҳ аст!


Ишқи ту дилро накӯ пироя аст,
Дидаро дидори ту сармоя аст.

Тири мижгони туро хун рехтан
Дар тариқи ишқ камтар поя аст.

Аз вафо фарзанди андӯҳи туро
Дил зи модар меҳрубонтар доя аст.

Банда гашт аз баҳри ту дил дидаро,
Гарчи дилро дида бад ҳамсоя аст.

З-он маро васлат ба дасти ҳаҷр дод,
К-аз пайи ҳар офтобе соя аст.


Ҳар кас, ки ғами туро фасона-ст,
Дастихуши офати замона-ст.

Ҳар кас, ки ғами туро миён баст,
Аз ишқи замона баркарона-ст.

Ту ёри ягонаиву бояст
Ёри ту, ки ҳамчу ту ягона-ст.

Ишқи ту ҳақиқат аст, эй ҷон,
Маълум дилеву дар миёна-ст.

Дар ишқи ту сӯфиему моро
Дигар ҳама ишқҳо фасона-ст.

Моро дили пурғам асту гӯ бош,
Анде, ки дили ту шодмона-ст.

Дият – хунбаҳо.
Баркарона – дурӣ; фосилагирӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ