Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавбаи хешу они ман бишкан,
К-ин на тавба-ст, зӯру буҳтон аст.

Як замонам зи хештан бираҳон,
К-аз вуҷудам зи худ пушаймон аст.

Чанд гӯӣ, ки май нахоҳам хӯрд,
Ки зи душман дилам ҳаросон аст,

Май хӯру маст хусбу эмин бош,
Маҷлиси хос хоси султон аст!


Маро донӣ, ки бе ту ҳол чун аст?
Ба ҳар мижгон ҳазорон қатра хун аст!

Танам дар банди ҳаҷри ту асир аст,
Дилам дар дасти ишқи ту забун аст.

Ғами ишқи ту дар ҷон ҳеҷ кам нест,
Чи ҷои кам, ки ҳар соат фузун аст.

Ба ваҷҳе хун ҳамеборам ман аз дил,
Ки аз ишқи туам ғам раҳнамун аст.

Агар бахшуд хоҳӣ ҳаргиз, эй ҷон,
Бар ин дил ҷои бахшоиш кунун аст!


Ҷамолат бар сари хубӣ кулоҳ аст,
Баномэзид, на рӯй аст он, ки моҳ аст!

Туӣ, к-аз зулфу рух дар олами ҳусн
Туро ҳам нимашаб, ҳам чоштгоҳ аст.

Басо хирман, ки оташ дарзадӣ, бош,
Ҳанӯзат оби хубӣ зери коҳ аст.

Пайи аҳдат наояд ҷуз дар он роҳ,
К-аз он ҷо то вафо садсола роҳ аст.

Зи ишқат рӯзи умрам дар шаб афтод
В-аз ин ғам бар дилам рӯзи сиёҳ аст.

Пас аз чанде сабурӣ дод бошад,
Ки гӯям «бӯсае», гӯӣ «пагоҳ аст»!

пешина
аз 328
навбатӣ