Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар ки чун ман ба куфраш имон аст,
Аз ҳама халқ ӯ мусулмон аст!

Рӯи имон надидаӣ, баХудо,
Ки дар ӯ дину куфр яксон аст.

Эй писар, мазҳаби қаландар гир,
Гар ба имони хешат имон аст.

Хештан бар тариқи эшон банд,
Ки тариқат тариқи эшон аст.

Даст аз ин тавбаю салоҳ бидор,
К-андар ин роҳ кофарӣ он аст.

Роҳи таслим рав, ки олами ҳукм
Доми мурғону мурғ бирён аст.

Мулки таслим чун мусаллам гашт,
Беҳтар аз мулкати Сулаймон аст.

Мардуми савмаа мусалмон нест,
Гар ҳама Бӯзар асту Салмон аст.

Соқиё, дардеҳ он майе, ки аз ӯ
Офати ақлу роҳати ҷон аст.

Ҳокии ранги рӯи маъшуқ аст,
Ровии бӯи зулфи ҷонон аст.

Маҷлис аз бӯи ӯ суманзор аст,
Хона бо ранги ӯ гулистон аст.

Аз латофат ҳавои рангин аст
В-аз сафо офтоби тобон аст.

Дар қадаҳ ҳамчу ақлу ҷон дар тан,
Ошкор аст, агарчи пинҳон аст.

Савмаа – ибодатгоҳи насрониён; ибодатгоҳ.
Бӯзару Салмон – саҳобагони Муҳаммад-пайғамбар.
Ҳокӣ – ҳикояткунанда.

пешина
аз 328
навбатӣ