Мунтахаби девон

Ишқи ту қазои осмон аст,
Васли ту бақои ҷовидон аст.
Осеби ғами ту дар замона
Дур аз ту балои ногаҳон аст.
Дастам нарасад ҳаме ба шодӣ,
То пои ғами ту дар миён аст.
Дар зовияҳои чини зулфат
Сад хурдаи ишқ дар миён аст.
Ин қоида гар чунин бимонад,
Бунёди харобии ҷаҳон аст!
Бо ҳусни ту дар наволаи чарх,
Рухсораи моҳ устухон аст
В-аз офиятӣ чунин муравваҳ
Дар ишқи ту умр бас гарон аст.
Бо он ки нишон наметавон дод,
К-аз васли ту дар ҷаҳон нишон аст,
Дил дар ғами интизор хун шуд,
Бечора ҳанӯз дар гумон аст.
Гуфтам, ки ба туҳфа пеши ваъдаш
Ҷон мениҳам, ар сухан дар он аст,
Дил гуфт, ки бар дари қабулаш
Ҳар ч-он наравад, ба дасти ҷон аст!
Бозори сапедкории ту
Акнун ба равоӣ ончунон аст,
К-он ҷо сари сабз бе зари сурх
Чун сими сиёҳ норавон аст!
Зар боядат, Анварӣ, вагар нест,
Ғам хӯр, ки ҳамеша ройгон аст.
Бе моя ҳаме талаб кунӣ суд,
З-он гоҳе суду гаҳ зиён аст!
Қазо – ҳукм, фармуда.
Зовия – кунҷ, гӯша, атроф.
Навола – ғизо; ризқ; насиб.
Муравваҳ – осоишу роҳат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё