Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй бародар, ишқ савдое хуш аст,
Дӯзах андар ошиқӣ ҷое хуш аст.

Дар биёбон раҳравони ишқро
З-оби чашми хеш дарёе хуш аст.

Ғамгинонро ҳар замон дар кунҷи ишқ
Ёди номи дӯст саҳрое хуш аст.

Бо хаёли рӯи маъшуқ, эй аҷаб,
Ҷоми заҳролуд ҳалвое хуш аст.

Умрҳо дар ранҷ чун имрӯзу дӣ
Бар умеди буди фардое хуш аст!


Ишқи ту аз мулки ҷаҳон хуштар аст,
Ранҷи ту аз роҳати ҷон хуштар аст.

Хуштарам он нест, ки дил бурдаӣ ,
Дил дари ҷон мезанад, он хуштар аст,

Ман ба кароне шудам аз дасти ҳаҷр,
Пои маломат ба миён хуштар аст.

Дил ба бадӣ тан зада, то беҳ шавад,
Хӯрдани заҳре ба гумон хуштар аст.

Васли ту рӯзӣ нашуду рӯз шуд,
Суд наю моя зиён хуштар аст.

Умр шуду ишва ба дастам бимонд,
Дахл наю харҷи равон хуштар аст.

Аз пайи дил ҷон ба ту андохтем,
Бар асари тир камон хуштар аст.

Кисаи умрам зи ғамат шуд тиҳӣ,
Бе рама марсуми шубон хуштар аст.

Ин ҳама ҳасту ту на бо Анварӣ
В-ин ҳама дар кори ҷаҳон хуштар аст.

Марсум – расм; музд.

пешина
аз 328
навбатӣ