Мунтахаби девон

Меҳрат ба дилу ба ҷон дареғ аст!
Ишқи ту ба ину он дареғ аст!
Васли ту бад-ин ҷаҳон тавон ёфт,
К-он мулк бад-ин ҷаҳон дареғ аст!
Касро камари вафо мафармой,
К-он тарф ба ҳар миён дареғ аст!
Бо кас бимагӯй, номи ту чист,
К-он ном ба ҳар забон дареғ аст!
Қадри чу туе замин чи донад,
К-он қадр ба осмон дареғ аст!
Дар кӯи вафои ту ба инсоф
Як дил ба ҳазор ҷон дареғ аст!
Кори дил аз орзӯи дӯст ба ҷон аст,
То чи шавад оқибат, ки кор дар он аст.
Кард зи ҷону ҷаҳон малӯл ба ҷаврам,
Бо ҳама бедоду ҷавр ҷони ҷаҳон аст.
Ишва диҳад чун ҷаҳону умр ситонад,
Дар ғами ӯ ишва суду умр зиён аст.
Ишқ чу ранге диҳад сиришки касеро,
Рӯй суи ман кунад, ки расми фулон аст.
Булъаҷабӣ мекунад, ки роз нигаҳ дор,
Рӯй ба хун тар, чи рӯзи рози ниҳон аст?
Хасм ҳамегӯядам, ки ошиқи зорӣ,
Хира чи лаъбулхиҷил кунам, ки чунон аст!
Ошиқӣ, эй Анварӣ, дурӯғ чи гӯӣ?
Рози дилат дар сухан чу рӯз аён аст!
Тарф – ба маънои камарбанд.
Лаъб – бозӣ, тараб; хиҷил – дармондагӣ, ночорӣ, беилоҷӣ; маҷозан сохтакорӣ, пинҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё