Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй ёр, маро ғами ту ёр аст,
Ишқи ту зи олам ихтиёр аст.

Бо ишқи ту ғам ҳамегусорам,
Ишқи ту ғам асту ғамгусор аст.

Ҷону ҷигарам бисӯхт ҳиҷрон,
Худ одати дил на з-ин шумор аст.

Ҷон сӯхтану ҷигар халидан
Ҳиҷрони туро камина кор аст.

Дар ҳаҷр зи дард беқарорам ,
К-он дард ҳанӯз барқарор аст.

Эй роҳати ҷони ман, фараҷ деҳ,
З-он дард, ки номаш интизор аст.

Дар тоб шудӣ, ки гуфтам аз ту
Ҷуз дард маро чи ёдгор аст!


Ё раб, чи бало, ки ишқи ёр аст,
З-ӯ ақл бадарду ҷон фигор аст.

Дил бурду ҷамол кард пинҳон,
Фарёд, ки зулм ошкор аст!

Гар ҷони ман аст, аз ӯ баҷонам,
Ман ҳеҷ надонам, ин чи кор аст!

Н-ояд бари ман хаёли ӯ ҳеҷ
В-ин ҳам зи хилофи рӯзгор аст.

Корам чу нигор нест бо ӯ,
З-он бар рухи ман зи хун нигор аст.

З-ӯ ҳеҷ шумор барнагирам,
Зеро ки ҷафош бешумор аст!


Ҳар шикан дар зулфи ту аз мушк доле дигар аст,
Ҳар назар аз чашми ту сеҳри ҳалоле дигар аст.

Н-ояд андар васфи кас он чашму зулф, аз баҳри он-к
Дар хаёли ҳар кас аз ҳар як хаёле дигар аст.

Ҳарчи дил бо хештан сурат кунад з-он зулфу чашм,
Ақли дурандеш гӯяд: он мисоле дигар аст.

Ҳар касе з-он чашму зулф андар гумоне дигаранд
В-он гумонҳо низ аз ҳар як муҳоле дигар аст.

Гарчи дар айни камол аст аз накӯӣ гӯиё,
Аз варои он камоли ӯ камоле дигар аст.

Ман ба ҳоле дигарам аз ишқи ӯ ҳар лаҳзае,
З-он ки ӯ дар ҳусн ҳар соат ба ҳоле дигар аст.


Умеди васли ту коре дароз аст,
Умед, алҳақ, нишебе бефароз аст!

Тамаъро бар ту дандон гарчи кунд аст,
Таманноро забон боре дароз аст.

Раҳи беруншуд аз ишқат надонам,
Дари ҳар ду ҷаҳон гӯё фароз аст.

Ба ғорат бурд ғамза-т як ҷаҳон ҷон,
Лабатро гӯ, ки, охир, турктоз аст.

Дар ин мотамсаро, яъне замона
Басе иду арӯсӣ, к-аз ту боз аст.

Нагӯӣ, к-инчунин иду арӯсӣ
Тараб дар рӯза, ишрат дар намоз аст!

Ҳадиси офият якборагӣ худ
Чунон пӯшида шуд, гӯиё ки оз аст!

Ниёз, эй Анварӣ, бас арза кардан,
Ки маъшуқ аз ду гетӣ бениёз аст!

Дол – шоҳид; далел; раҳнамо.
Ҳалол – сеҳри ҳалол; сеҳру ҷодуе, ки хилофи шариат набошад, ҳунари ҳайратангези бидуни найранг.
Оз – хоҳиши беҳад; тамаъ.

пешина
аз 328
навбатӣ