Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд мураттибон барои аз ашъори машкук пок кардани маҷмўаи осори Рўдакӣ, ислоҳи баъзе нуқсонҳои котибон, тасҳеҳи байтҳои ҷудогона кўшиши зиёде кардаанд, вале чунон ки дар мақолаи Р.Ҳодизода «Дар тадқиқи осори Рўдакӣ» бо мисолҳо нишон дода шудааст, «маҷмўа ҳанўз комил набуд ва дар навишту шарҳи байт, калимаву ибораҳо ҷо-ҷо саҳву хатоҳо боздид мешавад».
Ба муносибати 1125-солагии Абўабдулло Рўдакӣ соли 1984 дар Душанбе маҷмўаи «1000 мисраи Рўдакӣ» ба забонҳои тоҷикиву русӣ бо муқаддимаҳои Расул Ҳодизода ба табъ расид, ки мунтахаби ашъори шоир буда, ба таври оммавӣ ба нашр омода шудааст. Мураттибон Р.Ҳодизода ва А.Афсаҳов саъй кардаанд, ки дар ин маҷмўаи ҷашнӣ матни шеърҳоро то ҳадди имкон саҳеҳу беғалат манзури хонандагон намоянд. Чунон ки аз тавзеҳоти маҷмўа бармеояд, дар бист маврид матни ашъори шоир тасҳеҳ шудааст. Бо ин ҳама дар ин маҷмўа низ ҳанўз шеърҳои машкук ва байтҳои носаҳеҳ ба назар мерасанд. Масалан, шеъри зайл, ки порае аз як қасидаи комили Қатрон аст, бе ягон шарҳ дар маҷмўа ҷой дода шудааст:

Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло, Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
Зи оби ҷўй ҳар соат ҳаме бўи гулоб ояд,
4 Дар ў шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун
.
Тавре ки маълум аст, қадамҳои нахустинро дар таҳияи матни илмӣ-интиқодии осори боқимондаи Рўдакӣ устод Саид Нафисӣ гузоштааст, ҳарчанд матни омода кардаи ў ҳанўз дорои ҳамаи хусусиятҳои нашри илмиву интиқодӣ набуд.
Бори аввал ховаршиноси рус Л.Брагинская ба таҳияи чунин матн шурўъ намуда, онро соли 1987 ба ҳуруфи форсӣ ва тарҷумаи русӣ ба табъ расонд. Ў дар муқаддима дар хусуси таърихи нашри асарҳои шоир ва «усулҳои тартиб додани матни илмии осори Рўдакӣ» таваққуф намуда, манбаъҳои матни осори шоирро ба ду гурўҳ ҷудо мекунад :

  1. Манобее, ки то асри ХУ1 эҷод шудаанд 2. Манобее, ки баъди асри ХУ1 таълиф шудаанд.
    Мураттиб таъкид мекунад, ки азбаски дар нашри Маскав асосан ба манобеи то асри ХУ1 такя шудааст, матни чопи мазкурро асоси кори худ қарор додааст.
    Л. Брагинская номгўи манбаъҳоро феҳриствор сабт намуда, мутаассифона, онҳоро тавзеҳ надодааст. Албатта, тавзеҳи аксари онҳоро дар китоби Саид Нафисӣ пайдо кардан мумкин аст.
пешина
аз 625
навбатӣ