Равзанаи адаб

Вале дар ин феҳрист як зумра нусхаҳои хаттӣ зикр шудаанд, ки мушаххасоти онҳо маълум нест. Номгўй бо зикри «Асроруттавҳид фӣ мақомоти Абусаид» шурўъ шудааст, вале ҳатто ишорае нест, ки он нусхаи хаттист ё чопист. «Баҳористон»- и Ҷомӣ ҳам, ки даҳҳо нусхаи хаттӣ ва чандин нашр дорад, бидуни мушаххасот аст. Ба ин минвол мушаххасоти нусхаҳои хаттии «Бадоеъуссаноеъ»-и Атоӣ, «Тоҷулмаосир», «Ҳафт иқлим», «Таърихи Систон», «Тўҳфатулмулук», «Рисолаи арўз»-и Ҷомӣ, «Фарҳангнома»-и Вафоӣ, «Мўнисулаҳрор»-и Бадри Ҷоҷурмӣ, «Нузҳатномаи Алоӣ»-и Шоҳмардон ибни Абулхайр ва як қатор нусхаҳои дигар нишон дода нашудааст, ки ин арзиши илмии асарро коҳиш медиҳад. Зеро нусхаҳои гуногуни як асар метавонанд аз ҳамдигар тафовути зиёд дошта бошанд. Мисоли равшани он «Луғати фурс» шуда метавонад, ки нусхаҳои хаттиву чопии он дорои миқдор ва тарзи гуногуни сабти ашъор мебошанд.
Қисмати аввали матни китоб унвони «Абёти пароканда»
дорад. Вале дар байни он байтҳои парешон шеърҳои комил ҳам ба назар мерасанд. Масалан, шеъре, ки бо матлаи зер оғоз меёбад, аз 8 байт иборат буда, дар байти охир тахаллуси шоир ҳам зикр шудааст ва бешубҳа он аз намунаҳои ғазали комили Рўдакӣ аст :
Дило, то кай ҳамеҷўӣ манеро,
5 Чӣ дорӣ дўст ҳарза душманеро.
Қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ», «Модари май», марсияҳо дар вафоти Муродӣ, Шаҳиди Балхӣ ва чандин қитъаи шоир, ки дар ин қисмат ҷой дода шудаанд, шеърҳои мустақил ва томи шоиранд.
Бинобар ин қисмати мазкурро, ҳамон тавре ки Саид Нафисӣ, А.
Мирзоев ва мураттибони чопи Маскав, ки «Қасоид ва муқаттаот ва абёти пароканда, ки бо ҳам марбут аст» номидаанд, унвон гузоштан беҳтар буд.
Дар матни китоб низ носаҳеҳиҳо ба назар мерасанд. Барои мисол байтҳои зерини маснавии «Калила ва Димна»-ро гирем :
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон Роҳи донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
6 То ба санг андар ҳаме бингоштанд
.
Мураттиб шеъри мазкурро аз рўи матни нашри Маскав ва Сталинобод нақл кардааст. Дар ин матн калимаи «роҳ» дар ҳар ду маврид ҳам маъние намедиҳад. Яъне роҳи донишро ҷамъ овардан мантиқӣ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё