Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ховаршиносони рус низ дар интишори осори Рўдакӣ саҳм гузошта, соли 1964 дар Маскав «Осори манзум»-и шоирро ба ҳуруфи арабӣ, бо тарҷумаи русӣ чоп намуданд. Мураттиби китоб Д.С.Комиссаров ва муҳарриру тавзеҳгари он И.С.Брагинский саъй намудаанд, ки комёбиҳои рўдакишиносиро то солҳои 60 ҳам дар ҷамъоварӣ ва ҳам дар тасҳеҳу ташреҳи осори шоир мавриди истифода қарор диҳанд. Ҳамон тавре ки И.С.Брагинский дар «Тавзеҳоти матншиносӣ»-и охири китоб навиштааст, дар асоси ин нашр матнҳои дар Эрон /бо ташаббуси Саид Нафисӣ/ ва Тоҷикистон /бо сарварии А.Мирзоев/ чоп гардида гузошта шудаанд. Ҳарчанд ин нашр хусусияти оммавӣ дошта, дар матни он тафовути нусхаҳо нишон дода нашудааст, вале дар қисмати тавзеҳот дар бораи тасҳеҳи матни ашъор, вазни шеърҳо, махсусан мансубияти шеърҳои ҷудогона ба шоирони гуногун мулоҳизаҳои ҷолиб баён шудаанд. Бинобар ин онро нашри илмӣ шуморидан мумкин аст. Бесабаб нест, ки матни китоби мазкур ҳамроҳ бо асари «Абў Абдулло Рўдакӣ»-и А.Мирзоев дар Теҳрон таҷдиди чоп шуд.
Зарурати нашри тозаи осори Рўдакиро ба ҳуруфи имрўзаи тоҷикӣ ба эътибор гирифта, адабиётшиносони тоҷик Усмон Каримов ва Садрӣ Саъдиев соли 1974 маҷмўаи «Шеърҳо»-и шоирро таҳти назари Расул Ҳодизода ва Муҳаммаднурӣ Усмонов чоп намуданд. Мураттибони маҷмўа вазифаи асосии худро «тайёр кардани чопи оммавӣ ва дар айни замон нисбатан саҳеҳи осори шоир» донистаанд. Онҳо ба нашри дувуми асари Саид Нафисӣ «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рўдакӣ» /Теҳрон, 1341/, «Осори Рўдакӣ» /Сталинобод, 1958/, маҷмўаи «Рўдакӣ» /Теҳрон, 1344/, «Осори манзум»-и Рўдакӣ /Маскав, 1964/ ва маҷмўаи «Устод Рўдакӣ» /Сталинобод, 1940/, нашрҳои гуногуни «Луғати фурс»-и Асадии Тўсӣ такя карда, дар натиҷаи муқоисаву татбиқи матнҳои мазкур ба тасҳеҳи як қатор байтҳо муваффақ шудаанд.
Мураттибон дар муқаддимаи маҷмўа таъкид кардаанд, ки тақсимоти шеърҳоро на бо навъҳо, балки «аз рўи мавзўъ ва мундариҷа» анҷом додаанд. Вале агар ба тақсимоти онҳо диққат дода шавад, маълум мегардад, ки ин ду усули тақсимот бо ҳам омезиш ёфтаанд. Бинобар ин ба назари мо ҳамон тарзи тақсимоти пешгирифтаи Саид Нафисӣ ва А.Мирзоев беҳтар аст.
Ҳамчунин мураттибон дар асоси мазмуни «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насрулло ва «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ байтҳои парокандаи маснавиҳои «Калила ва Димна»
ва «Синдбоднома»-и Рўдакиро паи ҳам ҷо ба ҷо гузоштаанд ва дар тавзеҳот шарҳ додаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ