Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар хусуси раванди ҷамъоварии осори Рўдакӣ дар кишварҳои гуногун то соли 1958, ки 1100 - солагии шоир ҷашн гирифта шуд, дар мақолаҳои А.Мирзоев «Мероси адабии Рўдакӣ ва ашъори тоза ба даст даромадаи ў», «Мероси адабии Рўдакӣ ва чигунагии нашри ҳозираи он» ва фаслҳои ҷудогонаи китоби «Абў Абдулло Рўдакӣ»
батафсил сухан рафтааст. Ҳамчунин дар мақолаи Р.Ҳодизода «Дар тадқиқи осори Рўдакӣ» дар ин бобат баҳс рафта, ҳусну қубҳи нашрҳои осори шоир то ибтидои солҳои 80 нишон дода шудааст.
Бинобар ин мо аз такрору тавзеҳи муфассали масъала худдорӣ намуда, фақат ба тариқи ишора корҳои муҳимро ёдовар шуда, диққатро бештар ба корҳое, ки солҳои охир анҷом ёфтаанд, равона менамоем.
Донишманде, ки беш аз ҳама барои ҷамъоварии осори Рўдакӣ талошу заҳмат ба харҷ додааст, устод Саид Нафисӣ мебошад, ки дар натиҷаи баррасии 78 манбаъ ба ҷамъ кардани 832 байти Рўдакӣ муваффақ гардидааст. Ў дар ҷилди сеюми асари маъруфи худ «Аҳвол ва ашъори Абўабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рўдакии Самарқандӣ» ҳамаи манобеъи дастраси худро мавриди баррасӣ қарор дода, ашъори ҷамъовардаи худро бо зикри маъхаз чоп намуд, ки ин бешубҳа ҳодисаи муҳимме дар рўдакишиносӣ буд.
Дар ҷамъоварии осори Рўдакӣ донишмандони тоҷик низ саҳми шоиста гузоштаанд. Устод Садриддин Айнӣ ҳанўз соли 1926 дар «Намунаи адабиёти тоҷик» 12 шеъри Рўдакиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷамъ оварда, ба табъ расонда буд. С.Айнӣ ҷустуҷўйҳои худро идома дода, соли 1940 бо ҳамкории А.Деҳотӣ боз чанд шеъри дигари Рўдакиро дар китоби «Устод Рўдакӣ» чоп намуд. Иқдоми устод С.Айниро академик А.Мирзоев идома дода, ба хусус дар арафаи ҷашни 1100-солагии Рўдакӣ ба таври ҷиддӣ ба ҷамъоварии осори шоир ва таҳқиқи он машғул шуд. Таҳти сарварии ў як гурўҳ донишмандони тоҷик ба ҷустуҷўи манбаъҳои тоза пардохта, аз ганҷинаи дастнависҳои китобхонаҳои кишварҳои гуногун сарчашмаҳои наверо аз қабили «Донишнома»-и Қадархон, «Тўҳфатулаҳбоб»-и Ҳофизи Убаҳӣ, «Фарҳангнома»-и Ҳусайни Вафоӣ, «Мадорулафозил»-и Файзӣ пайдо карданд, ки аз онҳо як миқдор ашъори то он дам номаълуми Рўдакӣ ба даст омад. Дар арафаи ҷашни шоир донишмандони тоҷик ҷамъан 88 байтро ба маҷмўаи осори боқимондаи ў илова намуданд ва миқдори умумии он аз 920 байт иборат шуд.
Дар нашри дувуми асари маъруфи Саид Нафисӣ, ки пас аз такмилу таҳрир соли 1963 таҳти унвони «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рўдакӣ» сурат гирифт, ашъори боқимондаи шоир ба 1047 байт расид.

пешина
аз 625
навбатӣ