Равзанаи адаб

Роҷеъ ба навъи саввуми марсия – рисои мазҳабӣ ва таърихи пайдоиши он дар адабиёти форсизабон миёни муҳаққиқон ихтилофи назар мавҷуд аст. Зайнулобидини Мўътаман ва дар пайравии ў Абулқосим Родфар пайдоиши рисои мазҳабиро ба қарни 1Х ҳ., ки ташайюъ мазҳаби расмии Эрон гашта буд, марбут медонанд. Зайнулобидин Мўътаман дар ин бора навиштааст : «Рисои мазҳабӣ тозатарин мавзўест, ки дар адабиёти классики форсӣ роҳ ёфта ва ҳанўз беш аз чанд қарн аз зуҳур ва ривоҷи он намегузарад, ин навъи шеър ихтисос ба мазҳаби ташайюъ дорад ва ин мазҳаб беш аз чанд карн нест, ки мазҳаби расмии Эрон шудааст.» Вале Насруллоҳ Имомӣ дар пайравӣ аз Муҳаммадамини Риёҳӣ «қадимтарин марсияи мазҳабӣ дар шеъри форсиро ба асри сомонӣ мерасонад» ва қасидаи Кисоии Марвазиро аввалин марсияи мазҳабӣ мешуморад. Тағаззули қасидаи мазкур, ки аз бист байт иборат аст, ба тавс ифи табиат ихтисос дорад. То вақтҳои охир фақат ҳамин қисмати қасида маълум буд ва аз қисматҳои дигари он иттилое набуд. Вале чунонки Насруллоҳ Имомӣ навиштааст, Муҳамадамини Риёҳӣ дар як нусхаи хаттии татимаи «Хулосатулашъор»-и Тақиуддини Кошӣ сурати комили қасидаи Кисоиро дарёфт кардааст, ки қисмати дуввуми он марсияи мазҳабӣ будааст. Азбаски китоби Муҳаммадамини Риёҳӣ дар дастраси мо нест ва Насруллоҳ Имомӣ ҳам аз он иқтибос наовардааст, аз изҳори назар дар бораи он худдорӣ менамоем ва танҳо ин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар воқеъ дар осори боқимондаи Кисоӣ мадҳу ситоиши Алӣ(а) ба назар мерасад ва аз ҷумла дар порае аз як қасидаи ў омадааст:
Илми ҳама олам ба Алӣ дод паямбар
Чун абри баҳорӣ, ки занад сел ба гулзор.
Ҳувайдост, ки марсия дар адабиёти асри Х дар қолабҳои гуногун сурат гирифтааст. Барои ибрози эҳсоси ғамангези сўгворӣ шоирони давр бештар қасидаву қитъаро интихоб кардаанд. Дар қолабҳои дигари шеър аз ҷумла рубоӣ ҳам суруда шудани марсияро метавон мушоҳида кард. Марсияи зайли Рўдакӣ далели он аст:
Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт, Бар ҳусну ҷавони-т дили нарм надошт.
Андар аҷабам зи ҷонситон, к-аз чу туе
Ҷон бистуду аз ҷамоли ту шарм надошт.
Аз мутолиаи рубоии мазкур ва марсияҳои бозмондаи шоирони асри Х касро эҳсоси ғаму андўҳ фаро мегирад, зеро марсияҳои мазкур дар ниҳояти соддагиву самимият, дилсўзиву фасоҳат суруда шуда, аз такаллуфоту лафзбозиҳо барӣ мебошанд. Ин ҷанбаи марсиясароӣ дар асрҳои минбаъда идома пайдо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё