Равзанаи адаб

Ҳаҷв дар асри Х
Ҳаҷву ҳазл аз мавзўъҳои муҳиманд, ки дар ҳамаи
давраҳои таърихи адабиёти тоҷику форс ҷойгоҳи хосе
доштаанд. Намунаҳои ашъори ҳаҷвиро дар осори Абўабдуллоҳ
Рўдакӣ ва муосиронаш низ метавон мушоҳида кард. Роҷеъ ба
мавзўи ҳаҷв дар осори Рўдакӣ Саид Нафисӣ, Абдулғанӣ
Мирзоев, Насруллоҳ Имомӣ ва муҳаққиқони дигар изҳори
назар кардаанд. Аз ҷумла Саид Нафисӣ ба «шоире бисёр
ҳаҷву носазогў набудани» Рўдакӣ ишора карда, инро «аз
муҳассаноти бузурги ў» донистааст.
Насруллоҳ Имомӣ дар бораи вазъи ҳаҷв дар адабиёти
асри Х таваққуф намуда, андешаҳои мухталифро баён
кардааст. Ў аввал таъкид кардааст, ки «намунаҳои боқимонда
аз ашъори ҳазливу ҳаҷвии давраи сомонӣ менамояд, ки ин
қисм аз шеър дар он рўзгор ривоҷе қобили таваҷҷўҳ
доштааст.» Вале ҷои дигар акси чунин андешаро баён
кардааст : «Ҳаҷв аз мазомини роиҷ дар шеъри форсии кўҳан
аст, вале дар давраи сомонӣ ривоҷе чандон надоштааст.» Ба
назари мо дар бораи мақоми ҳаҷв дар адабиёти асри Х
баровардани чунин ҳукми қатъӣ салоҳ нест. Зеро аввалан,
чунонки борҳо таъкид шуд, аз осори шоирони ин давра
намунаҳои хеле каме боқӣ мондааст. Сониян, он абёти
парокандае, ки имрўз дар дастраси мост, нишон медиҳад, ки
ҳаҷву ҳазл дар адабиёти ин давра ривоҷ доштааст, ки дар
заминаи он ҳаҷвсарои маъруфе чун Мунҷики Тирмизӣ ба
майдон омадааст, ки аз бузургтарин шоирони ҳаҷвнигор дар
таърихи адабиёти форсизабон шинохта шудааст. Ризоқулихони
Ҳидоят дар бораи ў навиштааст : «марде теззабон, ҳазлоин,
нақдтабъ, забоновари балеғу нуктадон буд, ки касе аз теғи
таънаш нарастӣ ва аз каманди ҳаҷваш наҷастӣ, синаи аҳли
кинаро ба хаданги ҳиҷо хастӣ ва дасти аҳли замонро ба
каманди ҳазл бастӣ." Аз мақоми баланди ҳаҷвнигории
Мунҷик он ҳам шаҳодат медиҳад, ки бузургтарин ҳаҷвнависи
таърихи адабиёти форсизабон Сўзании Самарқандӣ, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё