Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

З-он гузашта замониён ғамгин,
З-ин нишаста ҷаҳониён дилшод.

Ин тарзи марсиясароиро Зайнулобидини Мўътаман мавриди баррасӣ карор дода, «ҷамъи таъзияту таҳният»
номидааст. Ин шева минбаъд ривоҷ меёбад ва яке аз авввалин шоироне, ки ин суннатро идома дода, дар пайравии Рабанҷанӣ қасида сурудааст, шоири маъруфи асри Х1 Фаррухии Систонӣ аст. Фаррухӣ дар қасидааш андўҳи зиёди худро аз даргузашти Султон Маҳмуд баён намуда, валиаҳдро таҳният мегўяд.
Чунонки баъдтар дар мавриди баррасиии ин қасида хоҳем дид, Фаррухӣ дар иншои марсия маҳорати баланди шоирӣ ба харҷ додааст.
Марсия дар осори боқимондаи Дақиқӣ низ ба назар мерасад.Ў аз вафоти Бунаср ном шахсе, ки умри дароз надида, дар ҷавонӣ оламро тарк гуфтааст, афсўс хўрда навиштааст :

Дареғо, мир Бунасро, дареғо !
Ки бас шодӣ надидӣ аз ҷавонӣ.
Валекин родмардони ҷаҳондор
Чунин бошанд кўтаҳзиндагонӣ.

Дар марсияи нотамоми шоири дигари ин давра Имораи
Марвазӣ ба кушта шудани шоҳе ишора шудааст :

Аз хуни ў чу рўи замин лаълфом шуд,
Рўи вафо сияҳ шуду чеҳри умед зард.
Теғаш биҳост хўрд ҳаме хуни маргро
Марг аз наҳиби хеш мар он шоҳро бих(в)ард. Чанд марсияи ҷонгудозро метавон аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ пайдо кард. Аз ҷумла яке аз муасссиртарин марсияҳои ин давра бешак порае аз «Шоҳнома» аст, ки дар марги фарзанди сиву ҳафтсолаи шоир навишта шудааст :
Маро буд навбат, бирафт он ҷавон,
Зи дардаш манам чун тане бе равон.

Ҳамчунин тавре Қадамалии Сарромӣ таъкид кардааст,
«аз дилкаштарин марсияҳо марсияҳои Рустам дар марги
фарзанди нокоми хеш Сўҳроб ва марсияи Таҳмина дар сўги
ўст.» Дар осори боқимондави шоирони асри Х анвои гуногуни марсияро чун рисои расмиву ташрифотӣ(марсияи Рабанҷанӣ), рисои шахсӣ(марсияҳои Рўдакӣ, Фирдавсӣ) метавон ёфт.

пешина
аз 625
навбатӣ