Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан
  1. Захми меъда тадриҷан васеъ шуда, ба саратон (рак), ки бемории табобатнашаванда аст, оварда мерасонад.
  2. Нос тозагии хунро олуда карда бемориҳои шушу ҷигарро ба вуҷуд меорад.
    5.Оҳаку доруи хобовари «димедрол», ки дар таркиби он аст, нойчаҳои шушро гирифтори беморӣ мекунад ва носкашҳо ба душворӣ нафас мекашанд. Онҳо ба ошёнаҳои баланд ё кўҳҳо ба осонӣ баромада наметавонанд.
  3. Нос дандонҳои инсонро аз дохил сиёҳ карда, ба беморӣ мерасонад ва дар ниҳоят онҳо мерезанд.
  4. Аз одамони носкаш занҳо худро дур нигоҳ медоранд, зеро даҳони носкаш ҳамеша бўй мекунад; Оё меарзад, ки бо кашидани нос саломатии худро ба хатар гузорем? Пас ҳеҷ гоҳ ин заҳрро ба даҳон набояд гирифт ва ҳамеша ба он бо чашми нафрат бояд нигарист.
    Бузургон гуфтаанд: Панч чиз аст, ки ба ҳар кас, ки додаанд, зимоми зиндагонии хуш дар дасти ў ниҳодаанд:
    аввал – сиҳатии бадан; дуюм – эминӣ; сеюм – вусъати ризқ; чаҳорум – рафиқи шафиқ; панҷум – фароғат. Албатта, зимоми зиндагии ҳар кас дар дасти худи ўст.

§26. БАРТАРАФСОЗИИ
ЭҲСОСОТИ АЗ ҲАД ЗИЁД (СТРЕСС)
Барои донистани сарчашмаи эҳсосоти зиёд ё стресс бояд дар бораи даврони кўдакӣ ва инкишофи ў, ҳолатҳои гуногуни рўҳӣ дар рафтори кўдак ва ба эътидол овардани рафтори гуфтори бачагони хурдсол маълумот дошта бошем.
Донистан ва омўхтани чунин маълумот тафаккури баланди психологӣ талаб мекунад, бояд муносибат ба ҳар кўдакро вобаста ба психологияи ў дарк кард.
Махсусан, дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки норасоии йод дар ҳами минтақаҳо эҳсос шуда, дар организми кўдакон аз ҳама бештар таъсири худро мегузорад, моро зарур аст, ки калонсолон дар муомила ва рафтору муносибат бо насли наврас эҳтиёткор бошанд. Норасоии йод ба инкишофи хуби мағзи сар халал расонида, боиси заифии рушди тафаккур ва ҳатто ноқисулақлии бачагон шуда метавонад.

пешина
аз 80
навбатӣ