ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Норасоии йод қобилияти фикриро 10-15% кам карда, биноӣ ва шунавоии насли наврасро метавонад халалдор намояд. Бинобар ин дар шароити Тоҷикистон бештар истеъмол кардани намаки йоддор тавсия дода мешавад. Олимон тасдиқ кардаанд, ки сабаби асабонияти кўдакон аз як тараф дигар омилҳо бошанд, аз тарафи дигар нарасидани йод дар организми онҳо мебошад.
Нишонаҳои ҳаяҷони аз ҳад зиёд:
– шикамро сардӣ фаро мегирад;
– нафаскашӣ шиддат мегирад;
– дил аз қафаси сина берун меҷаҳад;
– дар овоз, даст ва зонуҳо ларза пайдо мешавад;
– мушакҳо таранг мешаванд;
– мадори пойҳо хушк мешавад;
– дар ҳалқ хушкӣ пайдо мешавад;
– бозуҳо арақ мекунанд.
Психологияи кўдакону наврасон басо нозук буда, ҳар як амали бади калонсолон метавонад ба ҳаёти ў таъсири манфӣ расонад. Аз ин рў, калонсолон дар муомила бо наврасон бояд тавассути мушоҳида аз рафтор ва гуфтори худи ўмуносибат кунанд, психологияи ўро фаҳмида, бо назардошти он муомила кунанд. Маҳз дар ҳамин давра нодурустии рафтори калонсолон метавонад ба дарсгурезии хонанда, дағалрафтории ў, бепарвоияш нисбат ба дарсу атрофиён оварда расонад. Дар ҳамин давра наврасон, ки басо ҳасосанд, ба ҳар як амали хурд ва ночиз диққат дода, ба он пайравӣ мекунанд. Маҳз дар ҳамин давра амалҳои бад ва хуб дар онҳо инкишоф меёбад. Бо назардошти хусусиятҳои гуногуни тарбияи онҳо, дар оилаашон бо онҳо рафтори нек ва муомилаи инсонвор намудан шарт ва зарур аст.
Роҳҳои бартараф кардани ҳаяҷон:
– тулўи офтобро мушоҳида кунед;
– суруд бихонед;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё