ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

– мусиқӣ гўш бикунед;
– як пиёла чой бинўшед;
– саҳарӣ барвақт бихезед;
– гул бишинонед;
– шамъ бигиронед;
– оббозӣ бикунед;
– сайру гашт бикунед;
– нафаси озод бикашед;
– хушгўйӣ бикунед;
– ҳамсуҳбат бишавед;
– балад хандед;
– латифа бигўед, ё бишунавед;
– табассум бикунед ва ғайра
§27. САНҶИШИ ДОНИШ, МАҲОРАТ
ВА МАЛАКА ОИД БА ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Шогирдони азиз! Соли хониш ба охир расид. Шумо дар бораи тарзи ҳаёти солим донишҳои зиёде гирифтед ва малакю маҳорати дуруст зистанро пайдо кардед. Боварӣ дорем, ки минбаъд қоида ва талаботи ҳифзи саломатиро ба эътибор гирифта дар лаҳзаҳои гуногуни ҳаёт онҳоро истифода мебаред.
Барои санҷидани донишҳои гирифта оид ба малакаҳои зарурии тарзи ҳаёти солим саволҳои тестӣ пешниҳод карда мешавад:
Саволҳои тестӣ:
-
Гигиена чист?
– ҳавои тоза;
– тозагии шахс;
– ба мактаб рафтан. -
Барои чӣ риояи гигиенаи шахсӣ ҳатмист?
– чунки солим бошем;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё