ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Сигор душмани ашадии инсони солим аст. Олимон ҳисоб кардаанд, ки соле даҳҳо ҳазор нафар аз кашидани сигор вафот мекунанд. Баъзе одамони сигоркаш дар хона дар ҳузури фарзандонашон низ сигор мекашанд. Дуди заҳрдори онро сокинони дигари хона фурў мебаранд ва олимон таҳқиқ кардаанд, ки аз сигоркаш дида, атрофиёни ў бештар зарари сигорро дар ҷисмашон ҳис мекунанд. Яъне як сигоркаш ба кашидани сигор дар ҳалқаи фарзандонаш ҳамаи бемориҳои дар боло номбар кардаамонро ба онҳо низ мерасонад.
Яъне, сигор на танҳо боиси аз байн рафтани саломатии сигоркаш, балки аз байн рафтани саломатии атрофиён, сабаби сар задани сўхтор ва марги даҳҳо нафари дигаре, ки онро намекашанд, мешавад.
Тамокукашӣ на танҳо ба ҷисми инсон таъсири бад мерасонад, балки ба одамон зарари иқтисодӣ низ меоварад.
§25. НОС ВА ЗАРАРИ ОН БА ҶИСМИ ИНСОН
Носро аз тамоку тайёр мекунанд. Қисми таркибии асосии нос тамоку ё тутун (махорка) мебошад. Барои омода кардани нос ба тамоку хокистари зағир ё дигар рустаниҳо, оҳаки шукуфта, равғани рустанӣ ва ғайра ҳамроҳ мекунанд.
Оҳак ва хокистар туршии носро таъмин месозад. Ранги нос ифлоси сабз буда, бўи тез ва бад дорад.
Носкашӣ ба дилбеҳузурӣ, дарди сар, дарунравӣ ва пайдоиши обилаҳо дар лабҳо оварда мерасонад, дандонҳо зард шуда бўи бад мекунанд ва ба беморӣ дучор мешаванд.
Мувофиқи маълумоти мутахассисон 80% ҳодисаҳои дучоршавӣ ба бемории саратони забон, лабҳо ва дигар узвҳои ковокии даҳон ва ҳалқум ба носкашӣ вобаста аст.
Аз сабаби дар таркиби нос будани модаҳои туршӣ одами носкаш ба бемориҳои сироятии рўда ва меъда дучор шуда, дар меъдааш кирмҳои паразитӣ пайдо мешавад. Нос ба хотира низ таъсири бад мерасонад. Кўчаҳо ва хонаҳоро ифлос мекунад.
Истеъмоли нос дар миёни наврасон ба зудӣ ба ҳукми одат даромада, ба меъёр мубаддал мешавад. Дере нагузашта дар наврас хоҳиши доштани ҳиссиёти “кайфият”-и бештар пайдо мешавад ва ин гуна хонанда метавонад ба одатҳои бадтар майл пайдо кунад.
Баъзеҳо носро аз алафҳои заҳрдори мадҳушкунанда ва оҳак омода карда, ҳатто дар таркибаш доруҳои хобовари зарарасон меандозанд. Чӣ тавре ки медонем, истеъмоли алафҳои заҳрдор, аз ҷумла тамоку барои инсон манъ аст, зеро тамокуро ҳатто ҳайвонот намехўранд.
Носро аз маводди зикргардида, ки барои инсон хеле зараровар аст, омода мекунанд, ки оқибатҳои нохуш дорад:
- Нос ғадудҳоеро, ки дар зери забон ҷойгиранду барои осон фурў бурдани хўрок луоб ҳосил мекунанд, бемор карда, хосияти луобҷудокунии онҳоро аз байн мебарад.
- Боқимондаҳои зарраҳои нос ҳамроҳи оби талхи он ба меъда расида, онро захмдор месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё