Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Кўшиш кунед, ки танҳо оббозӣ накунед. Дар танҳоӣ зарф, либос ва дигар чизҳоро дар соҳили дарё шустан мумкин нест.
Ба шахси ғарқшудаистода чунин ёрии аввалин расонидан мумкин аст:
сари ҷабрдидаро ба як паҳлў гардонида даҳону бинии ўро аз қум ё дигар мавод тоза кардан лозим аст; аз шуши ҷабрдида обро бояд хориҷ кард. Барои ин амалро иҷро кардан ба як зону нишаста, ба рўйи зонуи дигар ҷабрдидаро ба шикам чунон хобонидан даркор аст, ки сараш ба замин хам бошад, китф ва байни шонаҳояшро то тамом шудани оби кафколуд аз даҳонаш пахш кардан зарур аст; агар ҷабрдида нафас накашад, дилаш кор накунад, нафаси сунъӣ диҳед ва дилашро ғайримустақим маҳс кунед; баъди ба ҳуш омадани ҷабрдида баданашро гарм карда, дасту пояшро ба ҷониби дилаш ҳаракат диҳед.
БОБИ 4.
ПЕШГИРИИ ОДАТҲОИ НОМАТЛУБ

§24. ТАМОКУКАШӢ ВА
ЗАРАРИ ОН БА ҶИСМИ ИНСОН
Дуди тамоку (сигор) аз миқдори зиёди моддаҳои кимиёвӣ иборат мебошад. Дар он наздикии 4000 моддаҳои кимиёвӣ мавҷуд аст, ки дар байни онҳо никотин, моддаҳои бавуҷудоварандаи бемории саратон, қатрон хеле зиёд аст.
Дуди тамоку (сигор), ғайр аз никотин боз қариб 200 модда, аз ҷумла гази ғубори ангишт, кислотаи хлорид, бензопирен, дуда ва ғайра дорад, ки барои организм ниҳоят зарарнок аст.
Ҳангоми тамокукашӣ моддаҳои зараровар ба воситаи ковокии даҳон ва роҳи нафас боло баромада, ба пардаҳои луобӣ ва лифофаи ҳубобчаҳои шуш мечаспанд ва ба воситаи оби даҳон ба меъда дохил мешаванд.
Никотин на танҳо барои тамокукашон зарарнок аст, инчунин қисми зиёди он ҳамчун дуд ба ҳаво баромада, одамони гирду атрофро заҳролуд мекунад. Дуди тамоку пардаҳои луоби ковокии даҳону бинӣ, рагҳои нафас ва чашмро озурда месозад. Қариб ҳамаи тамокукашон гирифтори газаки роҳи нафасанд, ки сулфаи ҷонгудози онҳо ба ҳамин вобаста аст. Тамокукашӣ ба дастгоҳи овоз низ таъсири манфӣ мерасонад. Беҳуда нест, ки одамони тамокукашро аз овози пасти хирриашон шинохтан мумкин аст.
Вақте ки дуд ба лабҳо мерасад, моддаҳои зараровари дар дохили тамоку мавҷудбуда ба ковокии даҳон, забон, ҳалқум, нойнафас, найчаҳои шуш, сурхрўда, меъда, пешобдон, ғадуди зери меъда ва гурдаҳо таъсир мерасонад ва ин таъсир ба бемориҳои дилу раг, саратон, шуш ва дигар узвҳо оварда мерасонад.

пешина
аз 80
навбатӣ